https://sputnik.tj/20250130/saad-marz-amniyat-tojikiston-osiyoi-markazi-tamin-1066054158.html
СААД: Таҳкими марз на танҳо амнияти Тоҷикистон балки Осиёи Марказиро низ таъмин хоҳад кард
СААД: Таҳкими марз на танҳо амнияти Тоҷикистон балки Осиёи Марказиро низ таъмин хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СААД мегӯяд, барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон соли 2025 оғоз гардида, барои 5 сол пешбинӣ шудааст
2025-01-30T13:11+0500
2025-01-30T13:11+0500
2025-01-30T14:01+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
саад
марз
таҳкими сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1e/1066054466_0:119:3072:1847_1920x0_80_0_0_4989739f1b364e47a42eb5ab8bfb0eeb.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки соли 2025 татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мешавад.“Соли 2025 татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мешавад”, - қайд кард ӯ.Ба гуфтаи Тасмагамбетов, дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд."Шумо хуб медонед, ки ин барнома беш аз даҳ сол боз дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ мешавад ва 28 ноябри соли 2024 дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъӣ дар Остона ин барнома қабул карда шуд. Бояд таъкид намоям, ки ин барнома пеш аз ҳама бо талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст. Бе мавқеи қатъии ӯ, албатта, имрӯз ин барнома қабул намегардид", — таъкид намуд Имангалӣ Тасмагамбетов.Дабири кулли Созмон таъкид кард, ки ин барнома амнияти тамомияти арзии на танҳо Тоҷикистон, балки амнияти минтақавии тамоми Осиёи Марказиро низ таъмин хоҳад кард. Бинобар ин ба аҳамияти ин барнома баҳо додан бисёр душвор аст."Татбиқи он соли 2025 оғоз гардида, барои 5 сол пешбинӣ шудааст ва соли аввали татбиқи он бисёр муҳим аст. Итминони амиқ дорам, ки бо талошҳои муштараки сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СААД ин барнома дар давоми 5 сол пурра амалӣ хоҳад шуд", — изҳор намуд Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов.
https://sputnik.tj/20250130/dabiri-kulli-saad-dushanbe-rahmon-muhriddin-1066050852.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1e/1066054466_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3791dd7458f198fb2ce3c854197ac59b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, осиёи марказӣ, марз, таҳким, амният, саад, афғинистон
тоҷикистон, осиёи марказӣ, марз, таҳким, амният, саад, афғинистон
СААД: Таҳкими марз на танҳо амнияти Тоҷикистон балки Осиёи Марказиро низ таъмин хоҳад кард
13:11 30.01.2025 (Навсозишуда: 14:01 30.01.2025) Дабири кулли СААД мегӯяд, барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон соли 2025 оғоз гардида, барои 5 сол пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки соли 2025 татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мешавад.
“Соли 2025 татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз мешавад”, - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Тасмагамбетов, дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.
"Шумо хуб медонед, ки ин барнома беш аз даҳ сол боз дар чаҳорчӯби СААД баррасӣ мешавад ва 28 ноябри соли 2024 дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъӣ дар Остона ин барнома қабул карда шуд. Бояд таъкид намоям, ки ин барнома пеш аз ҳама бо талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст. Бе мавқеи қатъии ӯ, албатта, имрӯз ин барнома қабул намегардид", — таъкид намуд Имангалӣ Тасмагамбетов.
Дабири кулли Созмон таъкид кард, ки ин барнома амнияти тамомияти арзии на танҳо Тоҷикистон, балки амнияти минтақавии тамоми Осиёи Марказиро низ таъмин хоҳад кард. Бинобар ин ба аҳамияти ин барнома баҳо додан бисёр душвор аст.
"Татбиқи он соли 2025 оғоз гардида, барои 5 сол пешбинӣ шудааст ва соли аввали татбиқи он бисёр муҳим аст. Итминони амиқ дорам, ки бо талошҳои муштараки сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СААД ин барнома дар давоми 5 сол пурра амалӣ хоҳад шуд", — изҳор намуд Дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов.