https://sputnik.tj/20250130/dabiri-kulli-saad-dushanbe-rahmon-muhriddin-1066050852.html
Дабири кулли СААД дар Душанбе бо Раҳмон ва Муҳриддин чиро баррасӣ кард?
Дабири кулли СААД дар Душанбе бо Раҳмон ва Муҳриддин чиро баррасӣ кард?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли СААД барномаи СААД дар бораи таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
2025-01-30T09:36+0500
2025-01-30T09:36+0500
2025-01-30T09:36+0500
дар тоҷикистон
саад
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1d/1066049943_287:110:2014:1082_1920x0_80_0_0_9bd4f232a291a92f242758434b5a1e65.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетов, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд.“Дар баробари ин, дар робита ба вазъияти кунунӣ дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он табодули назар анҷом гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷории рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима гардид”, - қайд кардааст манбаъ.Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бахусус ба аҳамияти иҷрои саривақтии Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД дар бораи таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона аз ҷониби Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба тасвиб расида буд, таъкид кард.Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки ҳамкории муассир дар ин самт ба таъмини амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.Зимни суҳбат, ҳамчунин, ба тақвияти минбаъдаи кори ҳамаҷониба дар доираи Созмон оид ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ карда шудааст.Ин дар ҳолест, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов низ мулоқот анҷом дод.Вазорати хориҷа хабар додааст, ки дар рафти вохӯрӣ табодули афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии СААД сурат гирифт.Таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҳамоҳангсози мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои узви Созмон дар татбиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки ноябри соли 2024 тасдиқ шудааст, иброз шуд.
https://sputnik.tj/20240412/saad-hifz-havo-osiyoi-miyona-1062454886.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1d/1066049943_396:84:1889:1204_1920x0_80_0_0_5f8eb0fbf157a9826d9089fed6ea0f39.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саад, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, муҳриддин, сарҳад, афғонистон, таҳким марз, дабири кулли саад
тоҷикистон, саад, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, муҳриддин, сарҳад, афғонистон, таҳким марз, дабири кулли саад
Дабири кулли СААД дар Душанбе бо Раҳмон ва Муҳриддин чиро баррасӣ кард?
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли СААД барномаи СААД дар бораи таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетов, ки ба шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд.
“Дар баробари ин, дар робита ба вазъияти кунунӣ дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он табодули назар анҷом гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷории рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ муҳокима гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор бахусус ба аҳамияти иҷрои саривақтии Барномаи байнидавлатии мақсадноки СААД дар бораи таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона аз ҷониби Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба тасвиб расида буд, таъкид кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки ҳамкории муассир дар ин самт ба таъмини амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, ба тақвияти минбаъдаи кори ҳамаҷониба дар доираи Созмон оид ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов низ мулоқот анҷом дод.
Вазорати хориҷа хабар додааст, ки дар рафти вохӯрӣ табодули афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии СААД сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҳамоҳангсози мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои узви Созмон дар татбиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки ноябри соли 2024 тасдиқ шудааст, иброз шуд.