https://sputnik.tj/20250130/eloni-kharidoroni-asosii-barqi-tojikiston-afghoniston-dar-maqomi-avval-ast--1066061294.html
Эълони харидорони асосии барқи Тоҷикистон: Афғонистон дар мақоми аввал аст
Эълони харидорони асосии барқи Тоҷикистон: Афғонистон дар мақоми аввал аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар фурӯши барқи Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷ коҳиш ёфтааст
2025-01-30T17:59+0500
2025-01-30T17:59+0500
2025-01-30T18:10+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
фурӯш
афғонистон
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҷумҳурӣ дар ин давра дар умум 2 млрду 478 млн кВт-соат нерӯи бар ба хориҷ содир кардааст.Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 7,8% камтар аст.Вай гуфт, ки харидорони асосии нерӯи барқи Тоҷикистон кишвар Афғонистон будааст, ки соли гузашта ҳудуди 1 млрду 530,4 млн кВт-соат ба маблағи 705,2 млн сомонӣ барқ харидааст. Ҳар киловатт барқе, ки Афғонистон аз Тоҷикистон харидааст 46 дирам ё (4,2 сант)-ро ташкил додааст.Баъд аз Афғонистон дар феҳристи харидорони асосӣ дигар кишвари ҳамсоя, Узбекистон будааст, ки соли гузашта 943,9 кВт-соат ба ма қимати 201,2 млн.Инчунин каме дигар аз Тоҷикистон Қирғизистон барқ харидааст. Ин кишвар ҳамагӣ 4 млн кВт-соат барқ бо арзиши 428,7 ҳазор сомонӣ барқ харидааст.Дар ҳамин ҳол, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки талафоти нерӯи барқ дар системаи энергетикии Тоҷикистон 1,2% кам шуда, 20% аз ҳаҷми умумии истеҳсолотро ташкил дод.Дар маҷмӯъ дар соли 2024 ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон 22 миллиарду 427,7 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 дарсад бештар аст.Ба гуфтаи масъулони вазорати энергетика, афзоиши тавлидот дар натиҷаи фаъолияти муассири ширкатҳои энержӣ ва иҷрои як қатор тарҳҳои бузург дар ин соҳа будааст.Далер Ҷумъа,қайд кард, ки дар истеҳсоли нерӯи барқ саҳми асосӣ ба ширкати ҶСК "Барқи тоҷик" рост меояд, ки 17 миллиарду 415 миллион кВт/соат истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли 2023 941 миллион кВт/соат зиёд мебошад.Афзоиши истеҳсолот дар дигар нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ, аз қабили ширкати "Сангтӯда-1" (2 миллиарду 693,4 миллион кВт/соат) ва ширкати "Помир Энержи" (214,1 миллион кВт/соат) ба афзоиши умумии нишондиҳанда мусоидат намуд. Аммо дар баъзе корхонахо кам шудани истехсоли махсулот мушохида карда шуд. Масалан, дар ширкати "НБО Роғун" ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ 424,8 миллион кВт/соат ва дар нерӯгоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 2,6 миллион кВт/соат кам шудааст.
https://sputnik.tj/20250130/vazir-tahrimho-amriko-rusiya-naft-tojikiston-tasir-1066060442.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқ, энергетика, афғонистон, фкрӯш, харид, далер ҷумъа
тоҷикистон, барқ, энергетика, афғонистон, фкрӯш, харид, далер ҷумъа
Эълони харидорони асосии барқи Тоҷикистон: Афғонистон дар мақоми аввал аст
17:59 30.01.2025 (Навсозишуда: 18:10 30.01.2025) Ба иттилои вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар фурӯши барқи Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ҷумҳурӣ дар ин давра дар умум 2 млрду 478 млн кВт-соат нерӯи бар ба хориҷ содир кардааст.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 7,8% камтар аст.
Вай гуфт, ки харидорони асосии нерӯи барқи Тоҷикистон кишвар Афғонистон будааст, ки соли гузашта ҳудуди 1 млрду 530,4 млн кВт-соат ба маблағи 705,2 млн сомонӣ барқ харидааст. Ҳар киловатт барқе, ки Афғонистон аз Тоҷикистон харидааст 46 дирам ё (4,2 сант)-ро ташкил додааст.
Баъд аз Афғонистон дар феҳристи харидорони асосӣ дигар кишвари ҳамсоя, Узбекистон будааст, ки соли гузашта 943,9 кВт-соат ба ма қимати 201,2 млн.
Инчунин каме дигар аз Тоҷикистон Қирғизистон барқ харидааст. Ин кишвар ҳамагӣ 4 млн кВт-соат барқ бо арзиши 428,7 ҳазор сомонӣ барқ харидааст.
Дар ҳамин ҳол, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки талафоти нерӯи барқ дар системаи энергетикии Тоҷикистон 1,2% кам шуда, 20% аз ҳаҷми умумии истеҳсолотро ташкил дод.
Дар маҷмӯъ дар соли 2024 ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон 22 миллиарду 427,7 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 дарсад бештар аст.
Ба гуфтаи масъулони вазорати энергетика, афзоиши тавлидот дар натиҷаи фаъолияти муассири ширкатҳои энержӣ ва иҷрои як қатор тарҳҳои бузург дар ин соҳа будааст.
Далер Ҷумъа,қайд кард, ки дар истеҳсоли нерӯи барқ саҳми асосӣ ба ширкати ҶСК "Барқи тоҷик" рост меояд, ки 17 миллиарду 415 миллион кВт/соат истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли 2023 941 миллион кВт/соат зиёд мебошад.
Афзоиши истеҳсолот дар дигар нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ, аз қабили ширкати "Сангтӯда-1" (2 миллиарду 693,4 миллион кВт/соат) ва ширкати "Помир Энержи" (214,1 миллион кВт/соат) ба афзоиши умумии нишондиҳанда мусоидат намуд. Аммо дар баъзе корхонахо кам шудани истехсоли махсулот мушохида карда шуд. Масалан, дар ширкати "НБО Роғун" ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ 424,8 миллион кВт/соат ва дар нерӯгоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 2,6 миллион кВт/соат кам шудааст.