https://sputnik.tj/20250130/bachahoi-tavonistand-tojikayr-ehyo-meshavad-1066060875.html
“Бачаҳои мо тавонистанд!”: “Тоҷик Эйр” чӣ гуна эҳё мешавад?
“Бачаҳои мо тавонистанд!”: “Тоҷик Эйр” чӣ гуна эҳё мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷик Эйр”, ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон, бо гузашти чандин соли навмедӣ дубора қомат рост мекунад
2025-01-30T16:49+0500
2025-01-30T16:49+0500
2025-01-30T16:49+0500
тоҷик эйр
дар тоҷикистон
парвоз
нақлиёт
ширкати ҳавоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102749/12/1027491296_0:194:3072:1922_1920x0_80_0_0_5ac15567eeb4d97a4d233bb839704320.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ин ширкат тавонист мушкили қарзҳои ҳангуфташро ҳал кунад ва ҳол метавонад соҳиби ду тайёраи дигар шавад.Парвиз Шодмонзода, мудири кулли “Тоҷик Эйр”, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, пас аз таваққуфи тӯлонӣ ширкат соли равон тавонист хатсайрҳоро аз Душанбе ба Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент ба роҳ андозад.“Ин кор танҳо бо таъмиру ба кор андохтани як тайёраи АН-28 имконпазир шуд. Ҳол ду ҳавопаймои дигари АН-28 дар ҳоли таъмир ҳастанд ва бо онҳо хатсайрҳои ҷадиди маҳаллӣ эҷод хоҳанд шуд”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.Вай афзуд, 3 октябри соли 2024 хатсайри Душанбе – Хоруғ, 15 январи соли равон хатсайри Душанбе – Кӯлоб ва 24 январ хатсайри Душанбе – Панҷакент фаъол шуданд.“Вақте тайёраҳои дигар аз таъмир мебароянд, дар қадами нахуст хатсайрҳои Душанбе – Лахш ва Душанбе-Рашт, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ фаъол буданд, шуруъ ба кор хоҳанд кард”, - гуфт мудири кулли “Тоҷик Эйр”.Вай афзуд, дар ин миён 30 парвоз анҷом шуда, ба 1000 мусофир хизматрасонӣ шудааст.“Қимати билетҳо, масалан, дар хатсайри Душанбе-Хоруғ, дар қиёс бо соли 2021, ки охирин парвозҳо анҷом шуда буданд, арзонтар аст. Агар он замон беш аз 100 доллар буд, ҳоло хеле камтар аз ин аст”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.Вай эътироф кард, ки анҷоми парвозҳои маҳаллӣ ба ширкат ҳам бо зиён ва ҳам бо фоида тамом мешавад, зеро тайёра гоҳо пур намешавад, аммо дар умум харҷи парвозҳо мебарояд.“Агар дар тайёра барои 34 мусофир ҷой бошад, баъзан то 25 нафар билет мехаранд. Дар хатсайрҳои Кӯлоб ва Панҷкаент низ чунин вазъ аст, аммо талоши мо бар ин аст, ки ҳоло на барои фоида, балки пайдо кардани мусофир ва сохтани низом кор кунем, ки кори сода нест”, - гуфт мудири кулли “Тоҷик Эйр”Созиши муваффақонаБо ин вуҷуд, мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, эҳёи хатсайрҳои дохилӣ ҷузъи нақшаҳои “Тоҷикэйр” аст ва бо гузашти мавсим ё шаш моҳ маълум хоҳад шуд, ки оё онро идома хоҳанд дод ё хайр.Аммо созиши “Тоҷик Эйр” бо “Скай Роуд Лизинг”, ширкати ливониро метавон дастоварди воқеии он унвон кард, ки бар баҳсу ҷанҷоли беш аз 10 – солаи онҳо хотима дод.Ширкати тоҷикӣ соли 2009 аз “Скай Роуд Лизинг” ду тайёраи Boeing737-500-ро иҷора ё лизинг гирифта буд, аммо натавонист ҳаққи онҳоро пардохт кунад ва соли 2014 миёни ду ширкат баҳс ба миён омад. Он замон қарзи “Тоҷик Эйр” пеши ширкати литвонӣ 2,8 миллион долларро ташкил медод. Пас аз он ширкати литвонӣ баҳсро ба додгоҳҳои Вилнюс, Душанбе ва Маскав кашид, ки ҳама ба нафъаш тамом шуданд. То соли 2018 қарзи “Тоҷик Эйр” ба 20,2 миллион доллар расида буд ва то соли 2025 ҳаҷми он ба 36,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.Аммо Парвиз Шодмонзода мегӯяд, дар пайи як созиш ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки агар “Тоҷик Эйр” фақат ду миллион доллар ба “Скай Роуд Лизинг” пардохт кунад, ҳам қарзашро хатм мекунад ва ҳам ҳарду тайёраро соҳиб мешавад ва ҳам Boeing737-300 – и худро, ки бо қарори додгоҳи шаҳри Маскав дар фурудгоҳи Внуковои аз соли 2018 дар ҳабс қарор дорад, ба даст хоҳад овард.“Тақрибан як ҳафта қабл мо 500 ҳазор доллар ба ширкати литвонӣ пардохт кардем ва бақия 1,5 миллион доллари дигарро низ дар зудтарин фурсат хоҳем дод”, - гуфт вай.Вай афзуд, дигар қарзҳои “Тоҷик Эйр” кироӣ нестанд ва хеле каманд, ки онҳоро ҳам то охири сол пурра пардохт хоҳанд кард.“Дар мавриди таъмири се Boeing мо бо як ширкати ӯзбекӣ вориди музокира шудаем ва пас аз анҷоми таъмир нақша дорем, онҳоро барои хатсайрҳои минтақаӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон истифода кунем”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.Аммо дар посух ба ин суол ки оё чӣ гуна “Тоҷик Эйр” тавонист 36,6 миллион доллар қарзро ба 2 миллион доллар поён орад, мудири кулли ширкат дар суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон кутоҳ гуфт: “Бачаҳои мо тавонистанд!”
https://sputnik.tj/20250129/tojik-eyr-havopaymo-faol-parvozho-anjom-dihad-1066040080.html
https://sputnik.tj/20250115/tojik-eyr-shumorai-parvozho-khorij-duru-nazdik-mekunad-1065864131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102749/12/1027491296_142:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_66e9ff942ebdfeeb9e9f3f06fc1f36f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷик эйр, мушкилот, парвозҳо, эҳё, ширкати ҳавоӣ
тоҷикистон, тоҷик эйр, мушкилот, парвозҳо, эҳё, ширкати ҳавоӣ
“Бачаҳои мо тавонистанд!”: “Тоҷик Эйр” чӣ гуна эҳё мешавад?
“Тоҷик Эйр”, ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон, бо гузашти чандин соли навмедӣ дубора қомат рост мекунад
ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ин ширкат тавонист мушкили қарзҳои ҳангуфташро ҳал кунад ва ҳол метавонад соҳиби ду тайёраи дигар шавад.
Парвиз Шодмонзода, мудири кулли “Тоҷик Эйр”, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, пас аз таваққуфи тӯлонӣ ширкат соли равон тавонист хатсайрҳоро аз Душанбе ба Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент ба роҳ андозад.
“Ин кор танҳо бо таъмиру ба кор андохтани як тайёраи АН-28 имконпазир шуд. Ҳол ду ҳавопаймои дигари АН-28 дар ҳоли таъмир ҳастанд ва бо онҳо хатсайрҳои ҷадиди маҳаллӣ эҷод хоҳанд шуд”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.
Вай афзуд, 3 октябри соли 2024 хатсайри Душанбе – Хоруғ, 15 январи соли равон хатсайри Душанбе – Кӯлоб ва 24 январ хатсайри Душанбе – Панҷакент фаъол шуданд.
“Вақте тайёраҳои дигар аз таъмир мебароянд, дар қадами нахуст хатсайрҳои Душанбе – Лахш ва Душанбе-Рашт, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ фаъол буданд, шуруъ ба кор хоҳанд кард”, - гуфт мудири кулли “Тоҷик Эйр”.
Вай афзуд, дар ин миён 30 парвоз анҷом шуда, ба 1000 мусофир хизматрасонӣ шудааст.
“Қимати билетҳо, масалан, дар хатсайри Душанбе-Хоруғ, дар қиёс бо соли 2021, ки охирин парвозҳо анҷом шуда буданд, арзонтар аст. Агар он замон беш аз 100 доллар буд, ҳоло хеле камтар аз ин аст”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.
Вай эътироф кард, ки анҷоми парвозҳои маҳаллӣ ба ширкат ҳам бо зиён ва ҳам бо фоида тамом мешавад, зеро тайёра гоҳо пур намешавад, аммо дар умум харҷи парвозҳо мебарояд.
“Агар дар тайёра барои 34 мусофир ҷой бошад, баъзан то 25 нафар билет мехаранд. Дар хатсайрҳои Кӯлоб ва Панҷкаент низ чунин вазъ аст, аммо талоши мо бар ин аст, ки ҳоло на барои фоида, балки пайдо кардани мусофир ва сохтани низом кор кунем, ки кори сода нест”, - гуфт мудири кулли “Тоҷик Эйр”
Бо ин вуҷуд, мудири кулли ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, эҳёи хатсайрҳои дохилӣ ҷузъи нақшаҳои “Тоҷикэйр” аст ва бо гузашти мавсим ё шаш моҳ маълум хоҳад шуд, ки оё онро идома хоҳанд дод ё хайр.
Аммо созиши “Тоҷик Эйр” бо “Скай Роуд Лизинг”, ширкати ливониро метавон дастоварди воқеии он унвон кард, ки бар баҳсу ҷанҷоли беш аз 10 – солаи онҳо хотима дод.
Ширкати тоҷикӣ соли 2009 аз “Скай Роуд Лизинг” ду тайёраи Boeing737-500-ро иҷора ё лизинг гирифта буд, аммо натавонист ҳаққи онҳоро пардохт кунад ва соли 2014 миёни ду ширкат баҳс ба миён омад. Он замон қарзи “Тоҷик Эйр” пеши ширкати литвонӣ 2,8 миллион долларро ташкил медод. Пас аз он ширкати литвонӣ баҳсро ба додгоҳҳои Вилнюс, Душанбе ва Маскав кашид, ки ҳама ба нафъаш тамом шуданд. То соли 2018 қарзи “Тоҷик Эйр” ба 20,2 миллион доллар расида буд ва то соли 2025 ҳаҷми он ба 36,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.
Аммо Парвиз Шодмонзода мегӯяд, дар пайи як созиш ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки агар “Тоҷик Эйр” фақат ду миллион доллар ба “Скай Роуд Лизинг” пардохт кунад, ҳам қарзашро хатм мекунад ва ҳам ҳарду тайёраро соҳиб мешавад ва ҳам Boeing737-300 – и худро, ки бо қарори додгоҳи шаҳри Маскав дар фурудгоҳи Внуковои аз соли 2018 дар ҳабс қарор дорад, ба даст хоҳад овард.
“Тақрибан як ҳафта қабл мо 500 ҳазор доллар ба ширкати литвонӣ пардохт кардем ва бақия 1,5 миллион доллари дигарро низ дар зудтарин фурсат хоҳем дод”, - гуфт вай.
Вай афзуд, дигар қарзҳои “Тоҷик Эйр” кироӣ нестанд ва хеле каманд, ки онҳоро ҳам то охири сол пурра пардохт хоҳанд кард.
“Дар мавриди таъмири се Boeing мо бо як ширкати ӯзбекӣ вориди музокира шудаем ва пас аз анҷоми таъмир нақша дорем, онҳоро барои хатсайрҳои минтақаӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон истифода кунем”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.
Аммо дар посух ба ин суол ки оё чӣ гуна “Тоҷик Эйр” тавонист 36,6 миллион доллар қарзро ба 2 миллион доллар поён орад, мудири кулли ширкат дар суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон кутоҳ гуфт: “Бачаҳои мо тавонистанд!”