Раиси нав ҳам ваъда дод, ки нархи интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад

© SputnikДушанбе. Здание службы связи при правительстве республики Таджикистан
Душанбе. Здание службы связи при правительстве республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2025
Обуна шудан
Раиси нави Хадамоти алоқа қайд кард, ки арзиши алоқаи мобилӣ ва торифаҳои интернет тавре муқаррар карда мешавад, ки ба алоқа таъсири манфӣ нарасонад.
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Нархи интернет дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик арзон мешавад.
Гуфт Исфандиёри Саъдулло, раиси нави Хадамоти алоқа зимни посух ба суолҳои хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ.
Вай инчунин гуфт, ки провайдерҳо бояд барои беҳтар кардани сифати алоқа чораҳои дигар андешанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, барои таъмини мавҷҳои иртиботот дар сурати набудани нерӯи барқ ​​ширкатҳо бояд батареяҳои иловагӣ насб кунанд.

“Нархи торифаҳо тавре муқаррар карда мешавад, ки ба алоқа таъсири манфӣ нарасонад”, - қайд кард Саъдулло.

Ба гуфтаи сардори Хадамоти алоқа, фарогирии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон 84,5%-ро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, истифодаи 3G зиёда аз 85% ва 4G зиёда аз 72% -ро ташкил медиҳад.
Мачта базовой станции сотовой связи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Теъдоди воридкунандаҳои интернет ба Тоҷикистон ба 3 расид: кадомҳо?
Вай қайд кард, ки теъдоди умумии муштариёни пайвастшуда 8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 5 миллион нафари онҳо фаъоланд.
Вай ҳамчунин илова кард, ки дар Хадамоти алоқа 4,6 ҳазор нафар кор мекунанд. Вай афзуд, ки беш аз 1,2 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Тибқи ҳисоботи соли 2024, даромади умумии воҳидҳои раёсати мазкур дар якҷоягӣ бо операторону провайдерҳо 4,3 миллиард сомониро ташкил додааст.
Тавре аз Хадамоти алоқа зикр кард, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11,3% зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0