https://sputnik.tj/20250129/bozpas-giriftani-mablaghi-tahsil-khatmkarda-donishgohi-omuzgori-1066036004.html
Муаллимӣ накарданд: бозпас гирифтани маблағи таҳсил аз 19 хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ
Муаллимӣ накарданд: бозпас гирифтани маблағи таҳсил аз 19 хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ректори Донишгохи омӯзгории гуфт, бархе хатмкунандагон, ки бо квота таҳсил намуданду бояд баъд аз хатм муаллим кор мекарданд ба ҷои кор ҳозир нагардиданд
2025-01-29T10:49+0500
2025-01-29T10:49+0500
2025-01-29T10:49+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишгоҳи омӯзгорӣ
омӯзгор
кор
квота
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_0:103:3073:1831_1920x0_80_0_0_26c01046f003c22f0956f4f319c5ed93.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ректори Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки 19 донишҷӯи ба ҷои кор ҳозир нашуда маблағи таҳсилро ба буҷаи давлат баргардониданд.Вай гуфт, ки дар соли сипаришуда 447 нафар ,(аз ҷумла 148 нафар квота) хатмкунандагони буҷавии шӯъбаи рӯзона тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар карда шудандОқои Ибодуллозода қайд кард, ки аз шумораи умумии сафарбаршудагон 60 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир нагардиданд.Вай зикр кард, ки аз ин 60 нафар 19 нафараш дар ҳаҷми 272460 сомонӣ маблағи таҳсилро ба буҷаи давлат баргардониданд.Тибқи қавонин нафароне, ки бо квотаҳо таҳсил мекунанд бояд як муддате, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намоянд.Дар рафти нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар Донишгоҳи мазкур 1642 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.Аз ҷумла Туркманистон 7 нафар, Узбакистон 1594 нафар, Қазоқистон 4 нафар, Покистон 1 нафар, Афғонистон 13 нафар, Чин 22 нафар , Олмон 1 нафар.Инчунин қайд карда шуд, ки дар Донишгоҳи мазкур 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба сифати омӯзгор ва шунаванда дар донишгоҳ фаъолият менамоянд.“Аз Ҷумҳурии Халқии Чин 2 нафар омӯзгор ва 1 нафар шунаванда, аз Ҷумҳурии Корея 2 нафар омӯзгор, аз Эрон 1 нафар шунаванда, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 нафар шунаванда дар Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият менамоянд”, - қайд кард раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.Ҳамчунин вай илова кард, ки дар шуъбаи ғоибонаи зинаи магистратура 22 нафар шаҳрвандони Чин таҳсил доранд.
https://sputnik.tj/20250128/tahsil-shahrvandoni-khoriji-donishgohi-davlatii-omuzgorii-tojikiston-1066027875.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_accd50635d774c214d8762fd50163458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, омӯзгор, маориф, муаллим, донишгоҳи омӯзгорӣ, кор накардан
тоҷикистон, омӯзгор, маориф, муаллим, донишгоҳи омӯзгорӣ, кор накардан
Муаллимӣ накарданд: бозпас гирифтани маблағи таҳсил аз 19 хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ
Ректори Донишгохи омӯзгории гуфт, бархе хатмкунандагон, ки бо квота таҳсил намуданду бояд баъд аз хатм муаллим кор мекарданд ба ҷои кор ҳозир нагардиданд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ректори Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки 19 донишҷӯи ба ҷои кор ҳозир нашуда маблағи таҳсилро ба буҷаи давлат баргардониданд.
Вай гуфт, ки дар соли сипаришуда 447 нафар ,(аз ҷумла 148 нафар квота) хатмкунандагони буҷавии шӯъбаи рӯзона тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар карда шуданд
Оқои Ибодуллозода қайд кард, ки аз шумораи умумии сафарбаршудагон 60 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир нагардиданд.
Вай зикр кард, ки аз ин 60 нафар 19 нафараш дар ҳаҷми 272460 сомонӣ маблағи таҳсилро ба буҷаи давлат баргардониданд.
Тибқи қавонин нафароне, ки бо квотаҳо таҳсил мекунанд бояд як муддате, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намоянд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар Донишгоҳи мазкур 1642 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷумла Туркманистон 7 нафар, Узбакистон 1594 нафар, Қазоқистон 4 нафар, Покистон 1 нафар, Афғонистон 13 нафар, Чин 22 нафар , Олмон 1 нафар.
Инчунин қайд карда шуд, ки дар Донишгоҳи мазкур 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба сифати омӯзгор ва шунаванда дар донишгоҳ фаъолият менамоянд.
“Аз Ҷумҳурии Халқии Чин 2 нафар омӯзгор ва 1 нафар шунаванда, аз Ҷумҳурии Корея 2 нафар омӯзгор, аз Эрон 1 нафар шунаванда, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 нафар шунаванда дар Донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият менамоянд”, - қайд кард раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.
Ҳамчунин вай илова кард, ки дар шуъбаи ғоибонаи зинаи магистратура 22 нафар шаҳрвандони Чин таҳсил доранд.