Дар Тоҷикистон муҳоҷирони афғон камтар шудаанд

© AP / Muhammad SajjadАфганские дети на борту грузовика ждут своей регистрации в центре добровольной репатриации УВКБ ООН
Афганские дети на борту грузовика ждут своей регистрации в центре добровольной репатриации УВКБ ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Обуна шудан
Хадамоти шиноснома ва сабти номи ВКД афзуд, ки мақомот бо созмонҳои мухталиф талош доранд, то ҳамаи гурезагон шаҳрвандии Тоҷикистон дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Теъдоди паноҳандагон аз Афғонистон дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Боймаҳмад Раҷабзода дар ҳошияи конфронси "Барҳам додани бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ", ки дар Ишқобод баргузор шуд, хабар дод.
Ба гуфтаи вай, имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 9,5 ҳазор паноҳҷӯи афғон ба сар мебаранд. Пеш шумораи онхо аз 15 хазор зиёд буд.
"Мо гуреза дорем, асосан шаҳрвандони Афғонистон, 9569 [нафар] <…> инҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки мақоми гуреза доранд", - шарҳ дод Раҷабзода.
Мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкории зич доранд, то “дар оянда ҳамаашон шаҳрвандии Тоҷикистонро гиранд”, афзуд муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳӣ ва сабти номи ВКД.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон тӯлонитарин марз бо Афғонистон - 1344 км ва мустақиман бо чаҳор вилояти шимолу шарқии он ҳаммарз аст.
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Сафири Толибон* ба Душанбе меояд: дар сафорати Афғонистон чӣ гуна кор тағйир мекунад?
Соли 2021, пас аз тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон, Толибон* қудратро дар ин кишвар ба даст гирифтанд. Дар он давра садҳо хонаводаи афғон марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карданд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, дар соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазор оилаи афғон – беш аз 15 ҳазор нафар гуреза буданд. Бисёрии онҳо ҳудуди ҷумҳуриро барои сафарҳои минбаъда ба мамлакатҳои сеюм истифода мебурданд.
* "Толибон" - созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0