https://sputnik.tj/20250128/jarimabandi-sohibkor-kulob-rioya-nakardani-qoydahoi-savdo-1066026620.html
Ҷаримабандии 348 соҳибкор дар Кӯлоб барои риоя накардани қойдаҳои савдо
Ҷаримабандии 348 соҳибкор дар Кӯлоб барои риоя накардани қойдаҳои савдо
Sputnik Тоҷикистон
Баъд аз санҷиши 282 нуқтаҳои савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ аз тарафи мақомотҳо 74 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст
2025-01-28T15:39+0500
2025-01-28T15:39+0500
2025-01-28T15:39+0500
дар тоҷикистон
маркази савдо
ҷарима
кӯлоб
стандарт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:334:2716:1862_1920x0_80_0_0_9a82c9d7c02e3faac84c1f6355890a0f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Ҷурахон Сайдализода, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони шуъба дар 282 нуқтаҳои савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ санҷишҳо гузарониданд.Вай таъкид кард, ки аз тарафи мақомотҳо 74 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои барраси ба Раёсат ворид шудааст.Оқои Сайдализода гуфт, ки барои риоя накардани қойдаҳои савдо ба 348 соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 111 788 сомонӣ муқаррар намуданд.“Мутахассисони шуъбаи нозироти савдо аз 418 нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифта, аз намунаҳои гирифташуда дар 418 ҳолат маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуданд”, - қайд кард Сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб.Вай илова кард, ки дар соли сипаришуда маҳсулотҳои хӯрокворӣ 879 кг, маҳсулотҳои гуштӣ 990 кг, орд-21 кг, нушокии ғайримашруботӣ 1185л, нушокии машруботи 65л, хӯриш-174,5 кг, маҳсулотҳои ширӣ-103 кг, чой, қаҳва-69,5 кг, равғани растанӣ 127кг, қандакҳои хитоӣ-220д, намак-40 кг, ширеши моеъ, кафк(пена), ранг-51 кг, бозича-675 дона, лампаҳои тафсон- 40 дона ва лампаҳои симобдор-23 дона аз муомилот гирифта шуд.Зикр гардид, ки мутахассисони шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак дар соли сипаришуда 24 660 адад воситаҳои ченакро аз санҷиши давлатӣ гузарониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 843 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии воситаҳои ченаки санҷидашуда 14 416 адад ҳисобкунаки барқӣ буда 58 фоизи ҳамаи санҷишҳоро ташкил медиҳад.Дар идомаи нишасти хабарӣ вай иброз дошт, ки ташхиси маҳсулотҳои хӯрока ва хоҷагии кишоварзӣ дар давоми соли 2024 3573 ташхисро ташкил дода, 680-тои санҷидашудаи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ғайристандартӣ дониста шуда.
https://sputnik.tj/20250127/kulob-dar-soli-guzashta-128-million-kvtsoat-barq-kam-qabul-kard-1066015177.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:0:2667:2000_1920x0_80_0_0_ad83dd8e8a3bd15192819623d09df293.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кғлоб, қоидаҳои савдо, ҷарима, нуқтаҳои хӯрокворӣ, бозор, маркази савдо
тоҷикистон, кғлоб, қоидаҳои савдо, ҷарима, нуқтаҳои хӯрокворӣ, бозор, маркази савдо
Ҷаримабандии 348 соҳибкор дар Кӯлоб барои риоя накардани қойдаҳои савдо
Баъд аз санҷиши 282 нуқтаҳои савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ аз тарафи мақомотҳо 74 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Ҷурахон Сайдализода, зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони шуъба дар 282 нуқтаҳои савдо, бозорҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ санҷишҳо гузарониданд.
Вай таъкид кард, ки аз тарафи мақомотҳо 74 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои барраси ба Раёсат ворид шудааст.
Оқои Сайдализода гуфт, ки барои риоя накардани қойдаҳои савдо ба 348 соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар асоси кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 111 788 сомонӣ муқаррар намуданд.
“Мутахассисони шуъбаи нозироти савдо аз 418 нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифта, аз намунаҳои гирифташуда дар 418 ҳолат маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуданд”, - қайд кард Сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб.
Вай илова кард, ки дар соли сипаришуда маҳсулотҳои хӯрокворӣ 879 кг, маҳсулотҳои гуштӣ 990 кг, орд-21 кг, нушокии ғайримашруботӣ 1185л, нушокии машруботи 65л, хӯриш-174,5 кг, маҳсулотҳои ширӣ-103 кг, чой, қаҳва-69,5 кг, равғани растанӣ 127кг, қандакҳои хитоӣ-220д, намак-40 кг, ширеши моеъ, кафк(пена), ранг-51 кг, бозича-675 дона, лампаҳои тафсон- 40 дона ва лампаҳои симобдор-23 дона аз муомилот гирифта шуд.
Зикр гардид, ки мутахассисони шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак дар соли сипаришуда 24 660 адад воситаҳои ченакро аз санҷиши давлатӣ гузарониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 843 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии воситаҳои ченаки санҷидашуда 14 416 адад ҳисобкунаки барқӣ буда 58 фоизи ҳамаи санҷишҳоро ташкил медиҳад.
Дар идомаи нишасти хабарӣ вай иброз дошт, ки ташхиси маҳсулотҳои хӯрока ва хоҷагии кишоварзӣ дар давоми соли 2024 3573 ташхисро ташкил дода, 680-тои санҷидашудаи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ғайристандартӣ дониста шуда.