Кӯлоб дар соли гузашта 12,8 миллион кВт/соат барқ кам қабул кард

© unsplash / Caleb WoodsЛампа накаливания. Иллюстративное фото
Лампа накаливания. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2025
Обуна шудан
Роҳбари филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда дар соли гузашта ба 85,7% расид
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Темур Табарзода, роҳбари филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки нақшаи фонди таъмирӣ дар 12 моҳи соли 2024 ба маблағи 6 миллиону 532ҳазору 600 сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 65,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Вай аз ҷумла қайд кард, ки таъмири асосӣ ба маблағи 34 миллиону 320 ҳазору 500 сомонӣ (53,9%-и нақша) ва таъмири ҷорӣ ба маблағи 2 миллиону 212 ҳазору 100 сомонӣ (111,9%-и нақша) иҷро шудааст.
Ҳамчунин мақомдор қайд кард, ки дар соли 2024 аз системаи энергетикӣ ба истеъмолкунандагон ба миқдори 952 миллиону 90 ҳазору 319 кВт/соат барқ расонида шудааст.
“Талафоти умумӣ бошад, 384,1 миллион кВт/соат-ро ташкил медиҳад, ки ин баробар ба 28,2% мебошад. Нисбат ба соли гузашта 12,8 миллион кВт/соат барқ кам қабул карда шудааст”,- гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки иҷроиши нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда дар филиал ба маблағи 282 миллиону 30 ҳазору 879 сомонӣ, ки 85,7%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2024
Агентии омор: Содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ афзоиш ёфт
"Нисбат ба соли гузашта ба маблағи 34 миллиону 339 ҳазору 560 сомонӣ зиёд мебошад”,- зикр кард роҳбари филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар минтақаи Кӯлоб.
Оқои Табарзода гуфт, ки аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 131 миллиону 967 ҳазору 325 сомонӣ пардохт шудааст, ки 96,9%-и нақшаро ташкил дод.
Ҳамчунин вай хабар дод, ки дар соли 2024 18200 адад ҳисобкунаки барқӣ аз дохили хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои баландошёна бароварда шудааст, ки 100%-и нақшаро ташкил додааст. 98 трансформатори қуввагии 6-10/0,4кВ сӯхта, корношоям гардидаанд, ки маблағи аз таъмири асосӣ баровардани онҳо 863 ҳазору 534 сомониро ташкил мекунад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар 12 моҳи соли гузашта аз 140 камбудии ошкоркардаи Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, 105 ададаш бартараф карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0