https://sputnik.tj/20250128/halokati-korkhonahoi-tojikiston-yak-sol-1066023342.html
Ҳалокати 30 нафар дар корхонаҳои Тоҷикистон дар як сол
Ҳалокати 30 нафар дар корхонаҳои Тоҷикистон дар як сол
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели бемасъулиятии муҳандисиву техникии кормандон дар соли гузашта дар корхонаҳои кишвар 48 ҳодисаи нохуш сар задааст
2025-01-28T11:59+0500
2025-01-28T11:59+0500
2025-01-28T12:17+0500
дар тоҷикистон
ҳодисаи нохуш
саноат
коргоҳ
роғун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117924_61:0:3020:1665_1920x0_80_0_0_9aa22f887594274072db4927297b8705.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ахиран зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд ки дар корхонаҳои кишвар дар соли гузашта 48 ҳодисаи нохуш сар задааст, ки дар онҳо 30 нафар ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.Масъулини ин ниҳод қайд кардаанд, ки сабаби асоси ин ҳодисаҳо, "бемасъулиятии муҳандисиву техникии кормандони корхонаҳо дар ҷойи садамаҳо" будааст.Ҳамчунин зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ маъмурӣ кашида шудаанд.Аз ҷумла, дар натиҷаи ҳодисаи нохуше дар маҳалли сохтмони неругоҳи барқии "Роғун", рӯзи 12-уми ноябри соли 2024 се коргар ба ҳалокат расида, як каси дигар маҷруҳ шуд.Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки дар пайи ҳодисаи рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар "Роғун", алайҳи ду тан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ гуфт, ки ниҳоди онҳо хулосаи техникии худро дар ҳаҷми 500 саҳифа омода ва Додситонии шаҳри Роғун пешниҳод кардааст.Мақомот маблағи умумии ҷаримаҳо бар асари ҳодисаҳо дар соли 2024-ро 1822080 сомонӣ шумурдаанд.Зикр карда шуд, ки дар соли гузашта 340 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
https://sputnik.tj/20240723/marg-kor-qaydi-hodisai-nokhush-konhoi-tojikiston-1063631208.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053117924_358:0:3089:2048_1920x0_80_0_0_3d11c8afa6f226ff5b9b94b33eb313c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳодисаи нохуш, корхона, саноат, кӯҳӣ, ҳалокат
тоҷикистон, ҳодисаи нохуш, корхона, саноат, кӯҳӣ, ҳалокат
Ҳалокати 30 нафар дар корхонаҳои Тоҷикистон дар як сол
11:59 28.01.2025 (Навсозишуда: 12:17 28.01.2025) Ба далели бемасъулиятии муҳандисиву техникии кормандон дар соли гузашта дар корхонаҳои кишвар 48 ҳодисаи нохуш сар задааст
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, ахиран зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд ки дар корхонаҳои кишвар дар соли гузашта 48 ҳодисаи нохуш сар задааст, ки дар онҳо 30 нафар ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Масъулини ин ниҳод қайд кардаанд, ки сабаби асоси ин ҳодисаҳо, "бемасъулиятии муҳандисиву техникии кормандони корхонаҳо дар ҷойи садамаҳо" будааст.
Ҳамчунин зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ маъмурӣ кашида шудаанд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ҳодисаи нохуше дар маҳалли сохтмони неругоҳи барқии "Роғун", рӯзи 12-уми ноябри соли 2024 се коргар ба ҳалокат расида, як каси дигар маҷруҳ шуд.
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки дар пайи ҳодисаи рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар "Роғун", алайҳи ду тан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ гуфт, ки ниҳоди онҳо хулосаи техникии худро дар ҳаҷми 500 саҳифа омода ва Додситонии шаҳри Роғун пешниҳод кардааст.
Мақомот маблағи умумии ҷаримаҳо бар асари ҳодисаҳо дар соли 2024-ро 1822080 сомонӣ шумурдаанд.
Зикр карда шуд, ки дар соли гузашта 340 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.