https://sputnik.tj/20240723/marg-kor-qaydi-hodisai-nokhush-konhoi-tojikiston-1063631208.html
Марг дар ҷои кор: қайди 18 ҳодисаи нохуш дар конҳои Тоҷикистон
Марг дар ҷои кор: қайди 18 ҳодисаи нохуш дар конҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ва беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок гуфта мешавад
2024-07-23T14:15+0500
2024-07-23T14:15+0500
2024-07-23T14:15+0500
дар тоҷикистон
саноат
ҳодиса
ҳодисаи нохуш
кон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101599/04/1015990467_0:251:3073:1979_1920x0_80_0_0_ba909c47e67ecafdf506cb28aa6d4000.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар иншоотҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 18 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.Дар ин бора Раҳим Санъат Асо, сардори ин ниҳод зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.Ӯ гуфт, ки дар пайи ин ҳаводис 14 нафар ҳалок ва 6 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.Ҳамчунин вай илова кардааст, ки маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида беш аз 141 ҳазор сомониро ташкил додааст.Ин ниҳод мегӯяд, сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230517/sanoati-tojikiston-chiro-beshtar-istikhroj-namudaast-1057197556.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101599/04/1015990467_245:0:2976:2048_1920x0_80_0_0_302d607528e487d42a4bd36b4713fc5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳодиса, нохуш, конҳо, марг, муҳандис, иншооти хатарнок
тоҷикистон, ҳодиса, нохуш, конҳо, марг, муҳандис, иншооти хатарнок
Марг дар ҷои кор: қайди 18 ҳодисаи нохуш дар конҳои Тоҷикистон
Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ва беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар иншоотҳои зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 18 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Раҳим Санъат Асо, сардори ин ниҳод зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки дар пайи ин ҳаводис 14 нафар ҳалок ва 6 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
“Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 7 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 28 нафар шахси мансабдор ва 2 нафар шахсони воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд”, таъкид кардааст Раҳим Санъат.
Ҳамчунин вай илова кардааст, ки маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида беш аз 141 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.