Агентии омор: Содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷ афзоиш ёфт

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2024
Обуна шудан
Агентии омори Тоҷикистон Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 106,6 млн доллар неруи барқ содир шудааст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи ҳудуди 4,2 млн доллар неруи барқ содирот шудааст.
Тавре манбаъ қайд кардааст, ин нишондиҳанда 10,5% зиёдтар нисбат ба моҳи октябр аст.
Агентии омор қайд кардааст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 106,6 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 1,1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ҳиссаи интиқоли барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 6,1%-ро ташкил додааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш ширкати “Барқи тоҷик” хабар дода буд, ки ҳангоми оғози маҳдудият, барқи Тоҷикистон пурра дар дохили кишвар истифода мешавад.
Линии электропередачи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
“Барқи тоҷик” сару садоҳо дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистонро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон ширкати “Барқи тоҷик” расман дар бораи ҷори намудани лимити барқ дар саросари кишвар эълон карда буд. Ин лимит то имрӯз амал дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки тавони таъмини Осиёи Марказӣ бо барқи аз нигоҳи экологӣ тозаро дорад.
Ба гуфтаи сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” мамлакатҳои Осиёи Марказӣ айни ҳол дар давоми сол тақрибан 150 млрд кВт-соат қувваи барқро истифода мебаранд. Ҳаҷми умумии за­хираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми имрӯзаи истифодаи қувваи барқ дар ҳамаи чор мамлакати Осиёи Марказӣ 4 баробар зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0