Эълони ҳаҷми пардохти соланаи нафақа дар Тоҷикистон: бознишастагон зиёд шудаанд

© Sputnik / Sputnik, Амир ИсаевПенсионеры в Таджикистане. Архивное фото
Пенсионеры в  Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2025
Обуна шудан
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ дар як моҳ ба беш аз 411 млн сомонӣ баробар аст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2024 барои пардохти нафақа наздик ба 4,3 млрд сомонӣ масраф кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 1 январи соли 2025 шумораи умумии нафақагирон дар кишвар ба беш аз 836 ҳазор нафар мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,6 ҳазор нафар ва ё 5,1% зиёд гардидааст.
"Талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ бо ҳисоби миёна 411, 08 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 ҳудуди 102 млн.сомонӣ ё 33,2% зиёд аст",- афзудааст манбаъ.
Аз шумораи умумии нафақагирон ба иттилои ин ниҳод, беш аз 167 ҳазор нафарро нафақагирони маъюб ташкил медишад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо 4284 нафар ё ин, ки 2,6% зиёд гардидааст.
Барои пардохти нафақа ба ин қишр дар як моҳ 81,9 млн сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад, ки андозаи миёнаи нафақаи онҳо ба 490,06 сомонӣ баробар будааст.
Таъкид мешавад, ки дар ин двара 337,9 млн сомонӣ барои пардохти кӯмакпулиҳо равона шудааст.
Заглушка к инфографике - Сколько получают пенсионеры в Таджикистане? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2024
Дар Тоҷикистон нафақаи хуб дар кадом минтақа мегиранд?
Аз ҷумла, барои кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ ба 48211 нафар ба маблағи 54 млн сомонӣ, вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуд ба 28460 нафар ба маблағи 234,5 млн, вобаста ба таваллуди кӯдак ба 10548 нафар ба маблағи 1,5 млн, вобаста ба нигоҳубини кӯдак ба 130629 нафар ба маблағи 17,1 млн, барои табобати санаториву курортӣ 30,8 млн сомонӣ пардохт гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронияш дар парлумон рӯзи 28 декабри соли 2024 дар бораи афзоиши нафақа ва кумакпулӣ дар ҳаҷми 10% эълон кард.
Бар асоси қарор, болоравии нафақа ва кумакпулиҳо аз сентябри соли ҷорӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0