Дар Русия қонун дар бораи мубориза бо издивоҷҳои қалбакӣ эътибор пайдо кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРегистрация браков в необычных местах в День всех влюбленных
Регистрация браков в необычных местах в День всех влюбленных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2025
Обуна шудан
Тағйирот дар қонунгузорӣ дар бораи гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозаи иқомат (ВНЖ) барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия эътибор пайдо кард
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Мақомоти Русия дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозаи иқомати доимиро (ВНЖ) мушкилтар кардаанд.
Ҳамин тариқ, аз 25 январ қонуне эътибор пайдо кард, ки тибқи он барои гирифтани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Русия берун аз квота барои издивоҷ бо шаҳрванди Федератсияи Русия бояд на камтар аз се сол дар издивоҷ зиндагӣ кунад.
Ҳамчунин, муҳоҷироне метавонанд барои дарёфти иҷозаи иқомат муроҷиат кунанд, агар кӯдак дар издивоҷ бо шаҳрванди Русия таваллуд ё ба фарзандӣ гирифта шуда бошад.
Агар издивоҷ расман ба қайд гирифта нашуда бошад, дар ин сурат бояд ба суд маълумот дар бораи зиндагии муштарак давоми се соли охир ва ҳамчунин маълумот дар бораи масрафоти умумӣ пешниҳод шавад.
Советник Президента Российской Федерации, председатель Совета при Президенте Российской Федерации по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2024
Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт
Навоварии дигар ин аст, ки дар сурати бекор шудани ақди нигоҳ ё аз ҷониби суд беэътибор донистани он эълон шавад, то имкон аст иҷозати иқомат бозхонд шавад.
Ҳамчунин муҳоҷироне, ки дар издивоҷ бо шаҳрванди Русия соҳиби фарзанд шуданд ва ё фарзанди онҳоро ба номи худ сабт кардаанд, метавонанд барои дарёфти иҷозаи иқомат муроҷиат кунанд. Вале дар сурати аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум шудан, иҷозаи иқомати онҳо бозхонд мешавад.
Қобили зикр аст, ки то ҳол қонунгузорӣ мӯҳлати никоҳро барои муроҷиат барои гирифтани иқомати муваққатӣ бо тартиби соддакардашуда муқаррар накардааст.
Лентаи хабарҳо
0