https://sputnik.tj/20250126/iiao-tartib-sanjish-doruvori-sakht-kard-1066011579.html
ИИАО тартиби санҷиши дорувориро сахт кард
ИИАО тартиби санҷиши дорувориро сахт кард
Sputnik Тоҷикистон
Қоидаҳои мавҷудаи таҳқиқоти биологии доруҳое, ки ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешаванд, бо бобҳо пурра карда шуданд
2025-01-26T18:47+0500
2025-01-26T18:47+0500
2025-01-26T18:47+0500
ииао
дору
санҷиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032177779_0:77:1200:752_1920x0_80_0_0_66782482dcedb28189e2009960e57aa8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маводи дорувориро боз ҳам сахттар санҷиш хоҳанд кард. Қарори дахлдор дар ҷаласаи Шӯрои ИИАО қабул шуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё. Ҳамин тариқ, ба Қоидаҳои гузарондани тадқиқот оид ба доруҳои биологӣ ду боби нав илова карда шуд.Гуфта мешавад, ки онҳо таҳия, омодасозӣ, тасдиқ ва назорати сифати доруҳоро танзим хоҳанд кард. Илова бар ин, самаранокӣ ва бехатарии доруҳои баландтехнологӣ дар асоси ҳуҷайраҳои соматикии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаи санҷида мешавад. Ин доруҳои махсуси зидди варамро дар бар мегирад, ки дар асоси Т-лимфоситҳои кушанда коркард шудаанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки шаклҳои варамҳои ба дигар доруҳо тобоварро табобат кунанд.Қаблан маълум буд, ки номгӯи доруворӣ дар кишварҳои ИИАО васеъ мешавад. Тартиби нави бақайдгирии доруҳо дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кор хоҳад кард. Вай имконият медиҳад, ки номгӯи доруҳои дар мамлакатҳои иттиҳодия истифодашаванда васеъ карда шавад.
https://sputnik.tj/20250120/afzoish-borkashoni-musofirkashoni-hududi-iiao-1065936914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032177779_48:0:1152:828_1920x0_80_0_0_3ff79301671a3c7dcbd779a583fc2ab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао тартиб санҷиш дору сахт
ииао тартиб санҷиш дору сахт
ИИАО тартиби санҷиши дорувориро сахт кард
Қоидаҳои мавҷудаи таҳқиқоти биологии доруҳое, ки ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешаванд, бо бобҳо пурра карда шуданд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маводи дорувориро боз ҳам сахттар санҷиш хоҳанд кард.
Қарори дахлдор дар ҷаласаи Шӯрои ИИАО қабул шуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ҳамин тариқ, ба Қоидаҳои гузарондани тадқиқот оид ба доруҳои биологӣ ду боби нав илова карда шуд.
Гуфта мешавад, ки онҳо таҳия, омодасозӣ, тасдиқ ва назорати сифати доруҳоро танзим хоҳанд кард.
Илова бар ин, самаранокӣ ва бехатарии доруҳои баландтехнологӣ дар асоси ҳуҷайраҳои соматикии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаи санҷида мешавад.
Ин доруҳои махсуси зидди варамро дар бар мегирад, ки дар асоси Т-лимфоситҳои кушанда коркард шудаанд.
Онҳо имкон медиҳанд, ки шаклҳои варамҳои ба дигар доруҳо тобоварро табобат кунанд.
Қаблан маълум буд, ки номгӯи доруворӣ дар кишварҳои ИИАО васеъ мешавад.
Тартиби нави бақайдгирии доруҳо дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кор хоҳад кард. Вай имконият медиҳад, ки номгӯи доруҳои дар мамлакатҳои иттиҳодия истифодашаванда васеъ карда шавад.