https://sputnik.tj/20250120/afzoish-borkashoni-musofirkashoni-hududi-iiao-1065936914.html
Афзоиши боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар ҳудуди ИИАО
Афзоиши боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар ҳудуди ИИАО
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюли афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон ба қайд гирифта шудааст
2025-01-20T17:59+0500
2025-01-20T17:59+0500
2025-01-20T17:59+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
иқтисод
боркашонӣ
мусофиркашонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065937674_0:28:3072:1756_1920x0_80_0_0_a61ea9cf62fa21e2a27fbb4f72f3d56c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Дар давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми интиқоли бору мусофир афзудааст.Ба ин маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд.Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (7,2%) ва ҳам як қатор нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.Ҳамин тариқ, дар Қазоқистон – 13,6%, дар Беларус – 9,2%, дар Русия – 6,5%, дар Қирғизистон – 5,2% афзоишро ташкил дод.Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор дар иттиҳодия 0,3% афзуда, дар Беларус ва Қазоқистон (1,9%), Қирғизистон (5,9%) ва Русия (0,1%) афзоиш ба қайд гирифта шудааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиш ёфтааст.Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8% афзоиш ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20250119/iiao-eron-ittihod-sozishnoma-tijorat-omoda-1065930036.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065937674_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_b6b482e16cbd8ddd7e3bea5edbbc607d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, боркашонӣ, мусофиркашонӣ, авруосиё, афзоиш, иқтисод
ииао, боркашонӣ, мусофиркашонӣ, авруосиё, афзоиш, иқтисод
Афзоиши боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар ҳудуди ИИАО
Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюли афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Дар давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми интиқоли бору мусофир афзудааст.
Ба ин маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (7,2%) ва ҳам як қатор нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар Қазоқистон – 13,6%, дар Беларус – 9,2%, дар Русия – 6,5%, дар Қирғизистон – 5,2% афзоишро ташкил дод.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор дар иттиҳодия 0,3% афзуда, дар Беларус ва Қазоқистон (1,9%), Қирғизистон (5,9%) ва Русия (0,1%) афзоиш ба қайд гирифта шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8% афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.