Филиали ДДМ дар Душанбе 270-солагии донишгоҳро ҷашн гирифт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевФилиал МГУ имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе
Филиал МГУ имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2025
Обуна шудан
Донишомӯзони донишгоҳ бахшида ба солгарди муассиса ва Рузи донишҷӯёни рус барномаи фарҳангии зебову дурахшонеро пешкаҳиш намуданд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Солгарди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар намояндагии он дар Душанбе чашн гирифта шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Донишҷӯён ва хонандагони литсей бахшида ба 270-солагии таъсисёбии донишгоҳ консерти дурахшони идона пешкаш намуданд.
Илова бар ин, донишҷӯён Рӯзи донишҷӯёнро, ки дар Федератсияи Русия анъанавӣ 25 январ ҷашн гирифта мешавад, таҷлил карданд.
Маълум аст, ки меҳмонони фахрии чорабинӣ вазир-мушовири Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская ва аъзои намояндагии дипломатӣ буданд.
Хуторская саҳми бузурги намояндагиро дар таҳкими ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон қайд намуда, инчунин ҳайати донишгоҳро бо ҷоиза – ордени "Барои меҳнати бошуҷоат", ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин қадрдонӣ шудааст, табрик гуфт.
Заглушка к инфографике - Образование на русском языке в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2024
Шароити таҳсил бо забони русӣ дар Тоҷикистон - тасвирбаён
Қаблан маълум шуд, ки соли таҳсили 2023-24 филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи В. Ломоносовро дар Душанбе 113 нафар хатм кардаанд.
Дар донишгоҳ аз рӯи 6 самт мутахассис тайёр карда мешавад, гуфт директори иҷроияи донишгоҳ дар нишасти матбуотӣ.
Барномаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои таълимии Тоҷикистону Русия амалӣ мешаванд, афзуд Рустам Ғаниев.
Лентаи хабарҳо
0