Маълум шуд, ки ҷаласаи сарони ИДМ дар Душанбе кай баргузор мешавад

© Sputnik / Sputnik / Гузариш ба медиабонкФлаги стран-участниц СНГ
Флаги стран-участниц СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2025
Обуна шудан
Соли 2025 раёсат дар ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз давлати Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 10 октябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора сардори Раёсати ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар умури СҲШ Аҳмад Саидмуродзода хабар дод.
Вай ҳамчунин афзуд, ки 5 июн дар пойтахти Тоҷикистон нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
"Тибқи пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, нишасти сарони ИДМ рӯзи 10 октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ рӯзи 5 июн дар Душанбе баргузор мешавад", - гуфт Саидмуродзода.
Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти намояндагони доимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Минск ҷараён дорад, ширкат дорад.
Саидмуродзода консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ва нақшаи чорабиниҳоро муаррифӣ дорад.
103-е заседание Экономического совета СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2025
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати худ дар ИДМ нақшаи чорабиниҳоро таҳия кардааст
Вай афзуд, 11 апрел дар Қазоқистон низ нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт. Ҳамраисони Тоҷикистон дар ИДМ Русия ва Туркманистон хоҳанд буд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав оғози муҳокимаи беҳбуди фаъолияти Иттиҳодро аз авлавиятҳои аслии раёсати ин кишвар хонд.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамчунин барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ талош хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0