Тоҷикистон ба Ғазза кӯмаки башардӯстона фиристод

© AP / Jehad AlshrafiГрузовики с гуманитарной помощью въезжают через контрольно-пропускной пункт Керем-Шалом из Египта в сектор Газа
Грузовики с гуманитарной помощью въезжают через контрольно-пропускной пункт Керем-Шалом из Египта в сектор Газа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2025
Обуна шудан
Интизор меравад, кумаки ирсолнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 ҳазор хонавода дар навори Ғазза тақсим шавад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба сокинони навори Ғазза кумаки башардӯстона ирсол кард.
Дар ин бора рӯзномаи "Ҷумҳурият" хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ёрии башардӯстона аз 200 тон орди аълосифат иборат буда, он аллакай дар роҳ ба сӯи Ғазза аст.
"Интизор меравад, ки корвони мазкур давоми ду рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом (Карам Абу Салем) расад. Ин иқдом барои таъмини ғизо ба 8 ҳазор хонавода мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар хабар.
Зимнан, Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо ба мардуми Ғазза ёрӣ дод.
Ёдовар мешавем, ки Исроилу Ҳамос ба имзои созишномаи оташбас муваффақ шуданд. Марҳилаи аввали ин тавофуқ бояд 42 рӯз давом кунад ва дар ин муддат 33 гаравгон аз навори Ғазза ва Исроил ҳудуди 250 маҳбуси фаластиниро аз зиндон раҳо хоҳанд кард.
Илова бар ин, артиши Исроил нерӯҳои худро аз марзҳои Ғазза ҳадди ақалл 700 метр дуртар хоҳад кард.
Палестинцы, идут по руинам, оставленным израильской воздушной и наземной атакой возле больницы Аль-Наджар в Рафахе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2025
Оташбас дар навори Ғазза расман эътибор пайдо кард: тафсилот
Бояд зикр намуд, ки тарафхо ба ин созишнома муддати дароз омодагӣ дида буданд. Ҳамин тавр, гуфтушунид бо ёрии қувваҳои байналмилал давом кард.
Аввалин оташбас шаби 15 январ эътибор пайдо кард, ки дар ин бора дар Қатар созишнома ба имзо расид. Аммо худи рӯзи дигар Исроил Ҳамосро ба вайрон кардани созиши оташбас муттаҳам кард.
Дафтари Нетаняҳу афзуд, ки ҷунбиши Фаластин метавонад кӯшиш кунад, ки талабҳои нав гузорад ва дар лаҳзаҳои охир фишор оварад.
Дар ин замина нахуствазири Исроил изҳор дошт, ки кобинаи вазирон барои тасвиби тавофуқи Ғазза ҷаласа нахоҳад кард, то замоне ки миёнаравҳо хабар надиҳанд, ки Ҳамос ҳама нуктаҳоро пазируфтааст.
Аммо Ҳамос гуфт, ин Исроил аст, ки зери норозигии афроди ҷангхоҳ дар кобинаи ҳукуматаша ба Ғазза бомбандозиро аз сар гирифт.
Лентаи хабарҳо
0