https://sputnik.tj/20250119/otashbas-navor-ghazza-etibor-paydo-tafsilot-1065929114.html
Оташбас дар навори Ғазза расман эътибор пайдо кард: тафсилот
Оташбас дар навори Ғазза расман эътибор пайдо кард: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Исроил расман дарёфти феҳристи гаравгонҳоеро, ки дар чаҳорчӯби созиш бо ҷунбиши Ҳамос аз Фаластин раҳо мешаванд, тасдиқ кард
2025-01-19T15:53+0500
2025-01-19T15:53+0500
2025-01-20T12:23+0500
навори ғазза
исроил
сиёсат
оташбас
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065932947_0:256:2730:1792_1920x0_80_0_0_728ceaf8231005f5839353a74f0c08a6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар навори Ғазза созишномаи оташбас аз соати 12:15 ба вақти Маскав эътибор пайдо кард. Дар ин бора аз паёми дафтари сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу маълум шудааст. Давлати яҳудиён расман гирифтани феҳристи гаравгонҳоро, ки дар чаҳорчӯби созиш бо ҷунбиши Ҳамос аз фаластиниҳо раҳо мешаванд, тасдиқ кард."Хадамоти амниятӣ дар ҳоли ҳозир тафсилотро тафтиш мекунанд",- гуфта мешавад дар изҳорот. Таъкид мешавад, ки хонаводаҳои гаравгонҳои раҳошуда огоҳиномаи дахлдор гирифтаанд. Марҳилаи аввали ин тавофуқ бояд 42 рӯз давом кунад ва дар ин муддат 33 гаравгон аз навори Ғазза ва Исроил ҳудуди 250 маҳбуси фаластиниро аз зиндон раҳо хоҳанд кард.Илова бар ин, артиши Исроил нерӯҳои худро аз марзҳои Ғазза ҳадди ақалл 700 метр дуртар хоҳад кард.Хотиррасон менамоем, ки тарафхо ба ин созишнома муддати дароз омодагӣ дида буданд. Ҳамин тавр, гуфтушунид бо ёрии қувваҳои байналмилал давом кард. Аввалин оташбас шаби 15 январ эътибор пайдо кард, ки дар ин бора дар Қатар созишнома ба имзо расид. Аммо худи рӯзи дигар Исроил Ҳамосро ба вайрон кардани созиши оташбас муттаҳам кард. Дафтари Нетаняҳу афзуд, ки ҷунбиши Фаластин метавонад кӯшиш кунад, ки талабҳои нав гузорад ва дар лаҳзаҳои охир фишор оварад. Дар ин замина нахуствазири Исроил изҳор дошт, ки кобинаи вазирон барои тасвиби тавофуқи Ғазза ҷаласа нахоҳад кард, то замоне ки миёнаравҳо хабар надиҳанд, ки Ҳамос ҳама нуктаҳоро пазируфтааст.Аммо Ҳамос гуфт, ин Исроил аст, ки зери норозигии афроди ҷангхоҳ дар кобинаи ҳукуматаша ба Ғазза бомбандозиро аз сар гирифт.
https://sputnik.tj/20250119/istefo-vaziron-isroil-barqaror-otashbas-idomai-jang-1065928070.html
навори ғазза
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065932947_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_3e4c26df65249cf1168d2dc33942be58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оташбас ғазза расман эътибор тафсилот
оташбас ғазза расман эътибор тафсилот
Оташбас дар навори Ғазза расман эътибор пайдо кард: тафсилот
15:53 19.01.2025 (Навсозишуда: 12:23 20.01.2025) Исроил расман дарёфти феҳристи гаравгонҳоеро, ки дар чаҳорчӯби созиш бо ҷунбиши Ҳамос аз Фаластин раҳо мешаванд, тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар навори Ғазза созишномаи оташбас аз соати 12:15 ба вақти Маскав эътибор пайдо кард.
Дар ин бора аз паёми дафтари сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу маълум шудааст.
Давлати яҳудиён расман гирифтани феҳристи гаравгонҳоро, ки дар чаҳорчӯби созиш бо ҷунбиши Ҳамос аз фаластиниҳо раҳо мешаванд, тасдиқ кард.
"Хадамоти амниятӣ дар ҳоли ҳозир тафсилотро тафтиш мекунанд",- гуфта мешавад дар изҳорот.
Таъкид мешавад, ки хонаводаҳои гаравгонҳои раҳошуда огоҳиномаи дахлдор гирифтаанд.
Марҳилаи аввали ин тавофуқ бояд 42 рӯз давом кунад ва дар ин муддат 33 гаравгон аз навори Ғазза ва Исроил ҳудуди 250 маҳбуси фаластиниро аз зиндон раҳо хоҳанд кард.
Илова бар ин, артиши Исроил нерӯҳои худро аз марзҳои Ғазза ҳадди ақалл 700 метр дуртар хоҳад кард.
Хотиррасон менамоем, ки тарафхо ба ин созишнома муддати дароз омодагӣ дида буданд. Ҳамин тавр, гуфтушунид бо ёрии қувваҳои байналмилал давом кард.
Аввалин оташбас шаби 15 январ эътибор пайдо кард, ки дар ин бора дар Қатар созишнома ба имзо расид. Аммо худи рӯзи дигар Исроил Ҳамосро ба вайрон кардани созиши оташбас муттаҳам кард.
Дафтари Нетаняҳу афзуд, ки ҷунбиши Фаластин метавонад кӯшиш кунад, ки талабҳои нав гузорад ва дар лаҳзаҳои охир фишор оварад.
Дар ин замина нахуствазири Исроил изҳор дошт, ки кобинаи вазирон барои тасвиби тавофуқи Ғазза ҷаласа нахоҳад кард, то замоне ки миёнаравҳо хабар надиҳанд, ки Ҳамос ҳама нуктаҳоро пазируфтааст.
Аммо Ҳамос гуфт, ин Исроил аст, ки зери норозигии афроди ҷангхоҳ дар кобинаи ҳукуматаша ба Ғазза бомбандозиро аз сар гирифт.