Коршинос: Русия ва СПАД кафили асосии амнияти Тоҷикистон мебошанд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие вооруженных сил Таджикистана на оперативно-стратегических учениях
Военнослужащие вооруженных сил Таджикистана на оперативно-стратегических учениях - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2025
Обуна шудан
Нозири сиёсӣ Ширинов итминон дорад, ки ба шарофати барномаи таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон Душанбе ба механизмҳои муҳими ҳифз дастрасӣ пайдо мекунад
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Соли 2024 равшан нишон дод, ки Тоҷикистон муҳофизи асосии марзҳои Осиёи Марказӣ аст.
Кишвар ба муқовимат ба чунин таҳдидҳои умумӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, қайд кард нозири сиёсӣ Олим Ширинов зимни ҷамъбасти сол барои ҷумҳурӣ.
Ба шарофати Барномаи Ҳадафҳои қабулшудаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, Душанбе ба механизмҳои муҳими муҳофизатӣ дастрасӣ пайдо мекунад, гуфт ӯ.
“Барнома бунёди дидбонгоҳҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамчунин фароҳам овардани шароит дар ду тарафи хатти марзӣ барои ҳамкорӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳои марзии Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ба шарофати ин барномаи СПАД Тоҷикистон на танҳо ба захираҳои моддӣ, балки ба механизмҳои муҳими дифои дипломатӣ ва ҳарбӣ дастрасӣ пайдо мекунад”, - қайд кард Ширинов.
Ба гуфтаи ӯ, ин барнома ҳатман амниятро дар марзҳои ҷанубии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод.
Илова бар ин, дар идома Олимов гуфт, Душанбе дар машқҳои муштараки СПАД ширкат мекунад, ки дар он гузинаҳои мухталиф барои рафъи ҳама гуна таҳдиду таҷовуз аз гурӯҳҳои террористии мустақар дар вилоятҳои шимолии Афғонистон омухта мешаванд.
“Русия ва СПАД кафили асосии амнияти кишвари мо мебошанд, дар якҷоягӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон марзҳои хориҷии кишварамонро аз ҳар гуна ҳамлаҳои ғайриқонунии ифротгароён ва террористон аз қаламрави Афғонистони ҳамсоя ҳифз мекунанд”, - афзуд мутахассис.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Патрушев: ИМА ва Бритониё талош доранд авзои Осиёи Марказиро муташанниҷ кунанд
Ғайр аз ин, вай муқобила бо кушишҳои ташкили инқилобҳои ранга дар ҷумҳуриро вазифаи муҳимми якҷоя номид.
"Онҳо [Ғарб] режими дунявии моро дӯст намедоранд, ман дар Интернет бисёр наворҳоро мебинам, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеаро омода кунанд",- хулоса кард Ширинов.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар моҳи ноябри соли 2024 барномаи ҳадафноки байнидавлатии таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тасвиб расида буд. Иҷрои он аз 1 январи соли 2025 оғоз ёфт.
Лентаи хабарҳо
0