https://sputnik.tj/20241226/sokinoni-sugd-ba-muhojiratraviro-kam-kardand-1065659774.html
Сокинони Суғд ба муҳоҷиратравиро кам карданд
Сокинони Суғд ба муҳоҷиратравиро кам карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мацомоти Суғд шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта нисбат ба шаҳрвандони ба муҳоҷират рафта афзоиш ёфтааст
2024-12-26T10:49+0500
2024-12-26T10:49+0500
2024-12-26T10:49+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
суғд
коҳиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064721955_0:287:3132:2048_1920x0_80_0_0_f020ebb6445f3ae48c5fdf25e06ce3b9.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ шаҳрвандони ба хориҷа сафарнамуда наздик ба 245 ҳазор нафарро ташкил додааст.Ба иттилои мақомот шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 208 ҳазору 90 нафар, аз ҷумла занон 74 ҳазору 258 нафар ташкил додааст.Мақомот қайд кардааст, ки дар ин давра 217126 нафар муҳоҷир ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 81667 нафар занон мебошанд.Ҳамчунин масъулини вилоят хабар доданд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 281 ярмаркаи ҷойи кории холӣ гузаронида шуд.Тавассути ин ярмаркаҳо 3348 нафар корҷӯёну бекорон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 2274 нафар ба касбомӯзӣ ва 417 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 6039 нафарро ташкил додааст.Зикр карда шудааст, ки бо мақсади саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло дар давраи ҳисоботӣ ба 4907 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуд, ки 97,7% нақшаи солонаро дар бар мегирад.Ҳамзамон, 9267 нафар тариқи худмаблағгузорӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки баробари 97 фоизи нақшаи пешбинишуда барои соли 2024 мебошад.Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд.
https://sputnik.tj/20241219/putin-peshnihod-kard-ki-masalahoi-muhojirat-boyad-hamroh-bo-kishvarhoi-hamsoya-hal-shavad-1065582779.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064721955_137:0:2868:2048_1920x0_80_0_0_76bb14f5be9028090cfca8ba03e5e565.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, муҳоҷират, занон, баргашт, ватан, афзоиш
тоҷикистон, суғд, муҳоҷират, занон, баргашт, ватан, афзоиш
Сокинони Суғд ба муҳоҷиратравиро кам карданд
Ба иттилои мацомоти Суғд шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта нисбат ба шаҳрвандони ба муҳоҷират рафта афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ шаҳрвандони ба хориҷа сафарнамуда наздик ба 245 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои мақомот шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 208 ҳазору 90 нафар, аз ҷумла занон 74 ҳазору 258 нафар ташкил додааст.
Мақомот қайд кардааст, ки дар ин давра 217126 нафар муҳоҷир ба Ватан баргаштанд, ки аз онҳо 81667 нафар занон мебошанд.
“Дар ин давра шумораи муҳоҷирони ба Ватан баргашта нисбат ба шаҳрвандони ба муҳоҷират рафта 9036 нафар, аз ҷумла занон 7409 нафар афзудааст”, - таъкид кардааст мақомоти вилояти Суғд.
Ҳамчунин масъулини вилоят хабар доданд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 281 ярмаркаи ҷойи кории холӣ гузаронида шуд.
Тавассути ин ярмаркаҳо 3348 нафар корҷӯёну бекорон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 2274 нафар ба касбомӯзӣ ва 417 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони бекори ба воситаи ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ба шуғл ҷалбшуда 6039 нафарро ташкил додааст.
Зикр карда шудааст, ки бо мақсади саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло дар давраи ҳисоботӣ ба 4907 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат дода шуд, ки 97,7% нақшаи солонаро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, 9267 нафар тариқи худмаблағгузорӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки баробари 97 фоизи нақшаи пешбинишуда барои соли 2024 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд.