https://sputnik.tj/20250124/khujand-navruz-baynalmilali-1065991470.html
Дар Суғд омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ оғоз шуд
Дар Суғд омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилоят ба масъулон баҳри сазовор таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврӯз дастуру супоришҳои қатъӣ дод 24.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-24T15:42+0500
2025-01-24T15:42+0500
2025-01-24T15:49+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
наврӯз
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055494321_0:64:1280:784_1920x0_80_0_0_5a02bbf313177f58f4bec605c4f278ec.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар Суғд ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар дод.Бар хабари манбаъ, ҷаласа дар ҷойхонаи "Қалъаи Хуҷанд" таҳти раёсати раиси вилоят доир шуд.Манбаъ афзуд, дар ҷаласа, ки бо ҳузури аъзои Кумитаи тадорукот доир гардид, масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Таъкид карда шуд, ки Наврӯз аз қадимитарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Барои сазовор таҷлил кардани ин ид, раиси вилоят ба аъзои Кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз дастуру супоришҳои қатъӣ дод.Аз ҷумла, дар вилоят бояд корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррам намудани муҳити зист, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва шаҳри ноҳияҳо ва сохтани иншоотҳои ҷашнӣ амалӣ шаванд.Ёдовар мешавем, ки роҳбари давлат зимни сафари кишвардори Эрон, Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ӯ ва соҳибкорони эрониро барои таҷлили ҷашни Наврӯз даъват намуда буд.
https://sputnik.tj/20250116/rahmon-pizishkiyon-jashn-navruz-tojikiston-davat-kard-1065884304.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055494321_34:15:1280:950_1920x0_80_0_0_be62054f22f008e5c538ebb72f241fa3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хуҷанд, наврӯз, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, хуҷанд, наврӯз, иҷтимоъ
Дар Суғд омодагӣ ба Наврӯзи байналмилалӣ оғоз шуд
15:42 24.01.2025 (Навсозишуда: 15:49 24.01.2025) Раиси вилоят ба масъулон баҳри сазовор таҷлил кардани Иди байналмилалии Наврӯз дастуру супоришҳои қатъӣ дод
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар Суғд ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ҷаласа дар ҷойхонаи "Қалъаи Хуҷанд" таҳти раёсати раиси вилоят доир шуд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа, ки бо ҳузури аъзои Кумитаи тадорукот доир гардид, масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки Наврӯз аз қадимитарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Барои сазовор таҷлил кардани ин ид, раиси вилоят ба аъзои Кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Аз ҷумла, дар вилоят бояд корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррам намудани муҳити зист, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва шаҳри ноҳияҳо ва сохтани иншоотҳои ҷашнӣ амалӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари давлат зимни сафари кишвардори Эрон, Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ӯ ва соҳибкорони эрониро барои таҷлили ҷашни Наврӯз даъват намуда буд.