Эҷоди як МОИ миёни Эрон ва ИИАО чӣ медиҳад? Посухи коршинос

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийГенеральный директор Центра изучения современного Ирана Раджаб Сафаров
Генеральный директор Центра изучения современного Ирана Раджаб Сафаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳамкории Эрон ва ИИАО дар Минтақаи озоди иқтисодӣ боҷи гумрукиро коҳиш медиҳад, ки рақобатпазирии колоҳои ин кишварҳоро афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Эҷоди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) боиси фаъол шудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ин кишварҳо мешавад.
Раҷаб Сафаров, мудири кулли Маркази омӯзиши Эрони муосир дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар ин бора ибрози назар кардааст.
Ба эътиқоди коршинос, дар чаҳорчӯби созишномаи ҳамкорӣ боҷи гумрукӣ барои беш аз 1200 коло аз Эрон ва ИИАО коҳиш ё лағв карда мешавад, ки сарбории тавлиди ин маҳсулоти тавлидшуда дар ин кишварҳоро тақрибан 15% коҳиш медиҳад.
Пресс-конференция глав государств Таджикистана и Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2025
Оғози форсӣ: Чаро раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон омад?
Ба эътиқоди ӯ, рақобатпазирии колоҳои ин кишварҳо 10-12%, гоҳе 15% афзоиш хоҳад ёфт, ки боиси тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодии ин кишварҳо мешавад.
"Ин ба маънои пайдоиши корхонаҳои нав, сармоягузорӣ, шуғли бештар аст, ки бигӯем, равобити ин кишварҳоро беҳтар хоҳад кард", - гуфт Сафаров.
Вай ёдовар шуд, ки Эрон ба сӯи узвияти комилҳуқуқи ИИАО ҳаракат мекунад ва ҳоло дар ин иттиҳод нозир аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан манфиатҳои ҳузури Эрон дар ИИИАО аз ҷониби раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён арзёбӣ шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, ин ба густариши равобити дуҷонибаи Эрону Русия такони бузург хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0