https://sputnik.tj/20250123/beg-sabur-bilokhira-maqom-barkanor-shud-1065973879.html
Раҳмон "Устоди алоқа" - Бег Сабурро аз мақом барканор кард
Раҳмон "Устоди алоқа" - Бег Сабурро аз мақом барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Президент сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро баъди 14 - соли роҳбарии ин ниҳод аз вазифа сабукш намуд 23.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-23T13:00+0500
2025-01-23T13:00+0500
2025-01-23T13:28+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
бег сабур
тағйироти кадрӣ
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054445076_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_2252e60cdddb1e6b2e29f97bdf7a65b4.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар идомаи тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабурро низ аз вазифа сабукдӯш кард.Фармони барканории ӯро дафтари матбуоти президент нашр намуд.Дар фармон сабаби барканории Бег Сабур расидан ба синни нафақа гуфта шуд.Зимнан, бо фармони дигари президент ба ҷои ӯ Исфандиёр Саъдулло таъйин гардид. Дар бораи сардори тозатаъйини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маълумоти кофӣ дар даст нест ва котиботи президент низ дар бораи ӯ иттилои бештар бидуни таъйин шуданаш нашр накард.Ҳолномаи Бег СабурБег Сабур 63 - сола буда, зодаи вилояти Хатлон аст. Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд мебошад.Фаъолияташро аз омӯзгорӣ дар зодгоҳи худ оғоз карда, сипас солҳои 2000 - 2005 мудири шикати саҳҳомии "Восеъ" таъйин шуд.Пасон муовини вазири алоқа ва баъдан муовини вазири нақлиёт шуда, кор кардааст.Аз моҳи феврали соли 2011 бо қарори президент сардори Хадамоти алоқа таъйин шуд ва инак 14 сол дар ин симмат кору фаъолият кард.Ниҳоди ӯ пайваста аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид қарор мегирифт. Ҳамчунин соли 2023 худи роҳбари давлат зимни паёми солона фаъолияти ин ниҳодро сахт танқид кард ва барои ислоҳи вазъи муҳлат дода буд.Бояд гуфт, Бег Сабур қудои Эмомалӣ Раҳмон аст.
https://sputnik.tj/20250123/prezident-sherali-mirzoro-az-vazifa-barkanor-kard-1065972693.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054445076_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_4e836d01bb10aaa7f0230347109c94f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бег сабур, тағйироти кадрӣ, хадамоти алоқа
дар тоҷикистон, бег сабур, тағйироти кадрӣ, хадамоти алоқа
Раҳмон "Устоди алоқа" - Бег Сабурро аз мақом барканор кард
13:00 23.01.2025 (Навсозишуда: 13:28 23.01.2025) Президент сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро баъди 14 - соли роҳбарии ин ниҳод аз вазифа сабукш намуд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар идомаи тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабурро низ аз вазифа сабукдӯш кард.
Фармони барканории ӯро дафтари матбуоти президент нашр намуд.
Дар фармон сабаби барканории Бег Сабур расидан ба синни нафақа гуфта шуд.
Зимнан, бо фармони дигари президент ба ҷои ӯ Исфандиёр Саъдулло таъйин гардид.
Дар бораи сардори тозатаъйини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маълумоти кофӣ дар даст нест ва котиботи президент низ дар бораи ӯ иттилои бештар бидуни таъйин шуданаш нашр накард.
Бег Сабур 63 - сола буда, зодаи вилояти Хатлон аст. Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Фаъолияташро аз омӯзгорӣ дар зодгоҳи худ оғоз карда, сипас солҳои 2000 - 2005 мудири шикати саҳҳомии "Восеъ" таъйин шуд.
Пасон муовини вазири алоқа ва баъдан муовини вазири нақлиёт шуда, кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2011 бо қарори президент сардори Хадамоти алоқа таъйин шуд ва инак 14 сол дар ин симмат кору фаъолият кард.
Ниҳоди ӯ пайваста аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид қарор мегирифт. Ҳамчунин соли 2023 худи роҳбари давлат зимни паёми солона фаъолияти ин ниҳодро сахт танқид кард ва барои ислоҳи вазъи муҳлат дода буд.
Бояд гуфт, Бег Сабур қудои Эмомалӣ Раҳмон аст.