Президент Шералӣ Мирзоро аз вазифа барканор кард

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр обороны Таджикистана Шерали Мирзо
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2025
Обуна шудан
Шералӣ Мирзо дар вазифаи вазири мудофиаи Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ фаъолият намуд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тағйироти бузурги кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Яке аз тағйиротҳои бузург ин барканории Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон мебошад, ки 13 соли охир дар ин симмат кору фаъолият намуд.
Бо фармони дигари президент, Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим ба ҷои Шералӣ Мирзо таъйин гардид. Ӯ ин муддат муовини аввали вазири мудофиа буд.
Президент Эмомали Рахмон провел кадровые назначения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Идомаи тағйиротҳои кадрӣ: Раҳмон дар Прокуратура ва вазорати дифоъ кадрҳои нав таъйин кард
Зимнан, Шералӣ Мирзо бо фармони президент сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳолномаи Шералӣ Мирзо

Ӯ 58 сол дошта дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Шералӣ мирзо хатмкардаи омӯзишгоҳи олии ҳарбии Перм буда, фаъолияти меҳнатияшро аз моҳи июни соли 1989 оғоз карда, то моҳи июни соли 1994 дар вазифаҳои гуногуни афсарӣ дар артиши ИҶШС ва қувваҳои мусаллаҳи Русия хизмати ҳарбӣ намудааст.
Дар вазифаҳое чун афсари калони шӯъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, командири Баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораи Қӯшунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, командири Бригадаи зудамал, командири Бригадаи 1-уми алоҳидаи тирандози савораи Қӯшунҳои хушкигарди, сардори Ситод - муовини якуми фармондеҳи Қушунҳои зудамал хизмати ҳарбӣ намудааст.
Аз моҳи майи соли 2005 то моҳи декабри соли 2006 дар вазифаи муовини Вазири мудофиа ва аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини якуми раиси КДАМ фаъолият намуд.
Зимнан, аз соли 2013 то 2020 бо фармони президент ба вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Ҳамчунин бо фармони роҳбари давлат аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав ба вазифаи Вазири мудофиа таъин шуд ва то имрӯз дар ин мақом ифои вазифа мекард.
Лентаи хабарҳо
0