https://sputnik.tj/20250122/talafoti-artish-ukraina-viloyati-kursk-rusiya-1065967523.html
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курск Русия ба 54 ҳазор нафар расид
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курск Русия ба 54 ҳазор нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати Дифои Русия иттилоъ дод, ки шабонарӯзи ахир дар вилояти Курск 390 сарбози украинӣ нобуд карда шуданд
2025-01-22T20:13+0500
2025-01-22T20:13+0500
2025-01-22T20:13+0500
русия
дар русия
амалиёти вижа
украина
талафот
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/05/1065390135_0:177:3072:1905_1920x0_80_0_0_c8ef630cb1fa3fd3c68ac6b6a767943d.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки воҳидҳои артиши Русия дар минтақаи марзии Курск дар як рӯз беш аз 390 ҷангҷӯи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.Илова бар ин, артиши Русия дар ин минтақа чаҳор тонк, мошини ҷангии пиёданизом, 6 тӯпхона, 11 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, чаҳор хумпораандоз нобуд карданд."Дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 390 сарбоз, мошини ҷангии пиёданизом, 11 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 6 тӯпхона, чаҳор хумпораандоз, маркази муборизаи электроникӣ, як техникаи муҳандисӣ, шаш мавқеъи идораи паҳпод ва ду анбори аслиҳаро аз байн бурданд", - гуфт Вазорати дифои Русия.Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Амалиёти вижаи низомӣ дар самти Курск беш аз 54 ҳазор сарбози украинӣ, 313 танк, 237 мошини ҷангии пиёда, 1601 мошини зиреҳпӯш, 1586 автомашина, 387 адад тӯпхона талаф дод.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20250120/rasonaho-vazi-sangini-artishi-ukraina-pokrovsk-1065938580.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/05/1065390135_465:93:3072:2048_1920x0_80_0_0_7fc0dcd73a123e105b3246ade637fc24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, курск, артиши русия, талафот
русия, амалиёти вижа, украина, курск, артиши русия, талафот
Талафоти артиши Украина дар вилояти Курск Русия ба 54 ҳазор нафар расид
Вазорати Дифои Русия иттилоъ дод, ки шабонарӯзи ахир дар вилояти Курск 390 сарбози украинӣ нобуд карда шуданд
ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки воҳидҳои артиши Русия дар минтақаи марзии Курск дар як рӯз беш аз 390 ҷангҷӯи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Илова бар ин, артиши Русия дар ин минтақа чаҳор тонк, мошини ҷангии пиёданизом, 6 тӯпхона, 11 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, чаҳор хумпораандоз нобуд карданд.
"Дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 390 сарбоз, мошини ҷангии пиёданизом, 11 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 6 тӯпхона, чаҳор хумпораандоз, маркази муборизаи электроникӣ, як техникаи муҳандисӣ, шаш мавқеъи идораи паҳпод ва ду анбори аслиҳаро аз байн бурданд", - гуфт Вазорати дифои Русия.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Амалиёти вижаи низомӣ дар самти Курск беш аз 54 ҳазор сарбози украинӣ, 313 танк, 237 мошини ҷангии пиёда, 1601 мошини зиреҳпӯш, 1586 автомашина, 387 адад тӯпхона талаф дод.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.