https://sputnik.tj/20250120/rasonaho-vazi-sangini-artishi-ukraina-pokrovsk-1065938580.html
Расонаҳо аз вазъи сангини артиши Украина дар самти Покровск хабар доданд
Расонаҳо аз вазъи сангини артиши Украина дар самти Покровск хабар доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои расонаҳои украинӣ бенизомӣ дар фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Покровск вазъи сангинро ба вуҷуд овардааст
2025-01-20T19:11+0500
2025-01-20T19:11+0500
2025-01-20T19:11+0500
русия
дар русия
украина
донбасс
амалиёти вижа
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065558783_0:0:3216:1809_1920x0_80_0_0_69ee438ba1e1869a00581b2431c53e06.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Вазъ дар самти Красноармеееск дар Донбасс барои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки бештар ба беназмӣ дар идораи нирӯҳо ва воҳидҳо марбут аст, хеле вазнин аст, менависад нашрияи "Правда Украины"."Дар самти Покровск мутаассифона, тақрибан як сол мешавад, ки дар идораи қӯшунҳо ва қисмҳои гуногун беназмӣ идома дорад. Бригадаҳои "кӯҳна” кам мешаванд ва натиҷаи дилхоҳ надоранд. Таҷҳизотҳои "нав" аз сабаби сарбозон надоштани таҷриба зуд аз даст медиҳанд ё миёни сарбозон мизони беиҷозат партофтани воҳидҳоро афзоиш ёфтааст, ки боиси аз даст додани мавқеъ дар хатти ҷабҳа мешавад", - омадааст дар матлабе, ки дар сомонаи ин нашрия навшр шудааст.Нашрия менависад, ки вазъ дар самти Красноармейск барои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина вазнин аст: Нерӯҳои украинӣ ҳамарӯза маҳалҳои аҳолинишинро аз даст медиҳанд, ба эътидол овардани вазъ дар хатти ҷабҳа имконнопазир нест, хатари муҳосираи Красноармейск ва Димитров вуҷуд дорад.Раисиҷумҳури пешини Украина ва раиси ҳизби мухолифи ҳамбастагии Аврупо Петро Порошенко рӯзи 14 январ гуфт, ки Красноармейск қисман аз ҷониби нерӯҳои Русия дар муҳосира афтидааст.Сухан дар бораи маркази вилоят дар шимолу ғарби ҶМД меравад. То соли 2022 шумораи аҳолии Красноармейск аз 61 ҳазор нафар бештар буд. Дар ин шаҳр як гузаргоҳи бузурги роҳи оҳан ҷойгир аст, ки тавассути он масирҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ мегузарад, ки Донетскро бо вилояти Днепропетровски Украина мепайвандад.Рӯзи 6 январ вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти фаъол воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои ҷанубӣ шаҳри Курахово, бузургтарин шаҳрак дар қисмати ҷанубу ғарбии Донбассро комилан озод карданд.Моҳи декабри соли 2024 дар ҷаласаи густурдаи мушовараи вазорати дифоъ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар дод, ки низомиёни Русия дар тӯли як сол 189 маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижа озод кардаанд.Вазири дифоъ Андрей Белоусов ҳамзамон афзуд, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар соли 2024 беш аз 560 ҳазор низоми кушта ва захмӣ ва аз оғози амалиёти вижаи низомӣ - ҳудуди 1 миллион нафарро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20250117/rusiya-inshootho-muhim-ukraina-hasht-mushak-daqiq-zarba-zad-1065913464.html
русия
украина
донбасс
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065558783_485:0:3216:2048_1920x0_80_0_0_1a5b0b4297ae0414a4acd6b27869c230.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, донбасс, амалиёти вижа, покровск, ариши русия, нерӯҳои украинӣ
русия, украина, донбасс, амалиёти вижа, покровск, ариши русия, нерӯҳои украинӣ
Расонаҳо аз вазъи сангини артиши Украина дар самти Покровск хабар доданд
Ба иттилои расонаҳои украинӣ бенизомӣ дар фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Покровск вазъи сангинро ба вуҷуд овардааст
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Вазъ дар самти Красноармеееск дар Донбасс барои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки бештар ба беназмӣ дар идораи нирӯҳо ва воҳидҳо марбут аст, хеле вазнин аст, менависад нашрияи "Правда Украины".
"Дар самти Покровск мутаассифона, тақрибан як сол мешавад, ки дар идораи қӯшунҳо ва қисмҳои гуногун беназмӣ идома дорад. Бригадаҳои "кӯҳна” кам мешаванд ва натиҷаи дилхоҳ надоранд. Таҷҳизотҳои "нав" аз сабаби сарбозон надоштани таҷриба зуд аз даст медиҳанд ё миёни сарбозон мизони беиҷозат партофтани воҳидҳоро афзоиш ёфтааст, ки боиси аз даст додани мавқеъ дар хатти ҷабҳа мешавад", - омадааст дар матлабе, ки дар сомонаи ин нашрия навшр шудааст.
Нашрия менависад, ки вазъ дар самти Красноармейск барои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина вазнин аст: Нерӯҳои украинӣ ҳамарӯза маҳалҳои аҳолинишинро аз даст медиҳанд, ба эътидол овардани вазъ дар хатти ҷабҳа имконнопазир нест, хатари муҳосираи Красноармейск ва Димитров вуҷуд дорад.
Раисиҷумҳури пешини Украина ва раиси ҳизби мухолифи ҳамбастагии Аврупо Петро Порошенко рӯзи 14 январ гуфт, ки Красноармейск қисман аз ҷониби нерӯҳои Русия дар муҳосира афтидааст.
Сухан дар бораи маркази вилоят дар шимолу ғарби ҶМД меравад. То соли 2022 шумораи аҳолии Красноармейск аз 61 ҳазор нафар бештар буд. Дар ин шаҳр як гузаргоҳи бузурги роҳи оҳан ҷойгир аст, ки тавассути он масирҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ мегузарад, ки Донетскро бо вилояти Днепропетровски Украина мепайвандад.
Рӯзи 6 январ вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти фаъол воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои ҷанубӣ шаҳри Курахово, бузургтарин шаҳрак дар қисмати ҷанубу ғарбии Донбассро комилан озод карданд.
Моҳи декабри соли 2024 дар ҷаласаи густурдаи мушовараи вазорати дифоъ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар дод, ки низомиёни Русия дар тӯли як сол 189 маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижа озод кардаанд.
Вазири дифоъ Андрей Белоусов ҳамзамон афзуд, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар соли 2024 беш аз 560 ҳазор низоми кушта ва захмӣ ва аз оғози амалиёти вижаи низомӣ - ҳудуди 1 миллион нафарро ташкил додааст.