https://sputnik.tj/20250122/afzoishi-jinoyat-vaznin-khususiyati-ekstremistidoshta-khatlon-1065960864.html
Афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва хусусияти экстремистидошта дар Хатлон
Афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва хусусияти экстремистидошта дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар додааст, ки сатҳи содиршавии ҷиноят дар вилоят 5,2% зиёд гардидааст
2025-01-22T15:39+0500
2025-01-22T15:39+0500
2025-01-22T15:39+0500
прокуратура
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хатлон
афзун гаштани ҷиноят
сатҳи ҷинояткорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101615/97/1016159783_0:195:2947:1852_1920x0_80_0_0_d566137b2642ec2192d90b6d0bbb9083.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Ба иттилои прокуратураи вилояти Хатлон сатҳи содиршавии ҷиноят ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 тамоюли болоравӣ дошта, дар вилоят 6448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст., ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 546 ҷиноят ё 5,25% зиёд будааст.Манбаъ қайд кардааст, ки аз ин рақам 2321 ҷиноят аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст.Прокуратураи вилояти Хатлон қайд кардааст, ки дар вилоят содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта 42,53%, ғоратгарӣ 50%, авбошӣ 47,63%, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 33,3%, роҳзанӣ 33,3%, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ 21,29%, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 20,69% ва дуздӣ 10,26% афзоиш ёфтааст.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар вилоят ҷиноятҳои вазнин дар вилоят 1318 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 адад ё 4,27% зиёд гардидааст.Инчунин прокуратура таъкид кардааст, ки дар ин давра нисбати 66 нафар волидайн парвандаи ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи ҳатмии асоси 9-сола бо моддаи 164 Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуд.Қайд карда шудааст, ки нисбати 818 нафар бо моддаи 90 КҲМ Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид ва нисбаташон ҷазои сазовор таъин карда шудааст.Прокуратура хабар додааст, ки дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 251 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20250122/khatlon-sadho-ruypushkunii-jinoyat-maqomoti-korhoi-dokhili-oshkor-1065954528.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101615/97/1016159783_108:0:2837:2047_1920x0_80_0_0_443d84104f9d7ca58ea5f53a8a61abf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, ҷиноят, вазнин, экстреместӣ, пркуратура, содиршавӣ
тоҷикистон, хатлон, ҷиноят, вазнин, экстреместӣ, пркуратура, содиршавӣ
Афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва хусусияти экстремистидошта дар Хатлон
Прокуратураи вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар додааст, ки сатҳи содиршавии ҷиноят дар вилоят 5,2% зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 22 янв— Sputnik. Ба иттилои прокуратураи вилояти Хатлон сатҳи содиршавии ҷиноят ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 тамоюли болоравӣ дошта, дар вилоят 6448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст., ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 546 ҷиноят ё 5,25% зиёд будааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз ин рақам 2321 ҷиноят аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст.
Прокуратураи вилояти Хатлон қайд кардааст, ки дар вилоят содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта 42,53%, ғоратгарӣ 50%, авбошӣ 47,63%, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 33,3%, роҳзанӣ 33,3%, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ 21,29%, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 20,69% ва дуздӣ 10,26% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар вилоят ҷиноятҳои вазнин дар вилоят 1318 адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 адад ё 4,27% зиёд гардидааст.
Инчунин прокуратура таъкид кардааст, ки дар ин давра нисбати 66 нафар волидайн парвандаи ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи ҳатмии асоси 9-сола бо моддаи 164 Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки нисбати 818 нафар бо моддаи 90 КҲМ Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид ва нисбаташон ҷазои сазовор таъин карда шудааст.
Прокуратура хабар додааст, ки дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 251 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.