https://sputnik.tj/20241209/smm-tojikiston-panohandagoni-afghon-afghoniston-ikhroj-1065437669.html
СММ аз Тоҷикистон хост, ки паноҳандагони афғонро ба Афғонистон ихроҷ накунад
СММ аз Тоҷикистон хост, ки паноҳандагони афғонро ба Афғонистон ихроҷ накунад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо (UNHCR), аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард
2024-12-09T16:51+0500
2024-12-09T16:51+0500
2024-12-09T16:51+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
паноҳандагон
ихроҷ
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065435362_0:282:2730:1818_1920x0_80_0_0_25475ea111ca51ed3e77f12c9d3b313c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки аз ихроҷи паноҳандагони афғонро худдорӣ намояд.Дар ин бора Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо (UNHCR) дар як баёнияе ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст."Ихроҷи паноҳандагон ба ҳар кишваре, ки мумкин аст бо осеби ҷиддӣ рӯбарӯ шаванд, нақзи принсипи бозгардонидан аст, ки ин принсип дар моддаи 33 Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳҷӯён аз соли 1951, ки Тоҷикистон ба он имзо гузоштааст, ифода ёфтааст”, - кайд намуд ин ниҳоди СММ.Дар баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи 7-уми декабр нашр шуд, аз Тоҷикистон хоста шудааст, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ барои муҳофизат аз касоне, ки аз озор ва азият фирор кардаанд, пойбанд бимонад.Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта хабарҳо нашр шуданд, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карданд.Комиссариати олии СММ дар умури гурезаҳо ҳам дар ин баёнияи худ гуфтааст, ки байни рӯзҳои 3 то 5 декабр мақомоти Тоҷикистон 41 шаҳрванди Афғонистонро, ки ҳадди ақал 37 тани онҳо паноҳҷӯ буданд, ихроҷ карданд.СММ мегӯяд, аз амнияти ин афрод, ки аксаран мардон ва саробони хонаводаҳояшон буданд, нигарон аст."Осебпазирии занон ва кӯдакони онҳоро, ки дар Тоҷикистон мондаанд, бештар мекунад", - гқайд кардааст UNHCR.Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани"Толибон" дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.
https://sputnik.tj/20241207/gurezaho-afghoniston-tojikiston-ikhroj-posukh-rahbar-jamiyat-1065411717.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/09/1065435362_212:268:2286:1823_1920x0_80_0_0_35564b57eb60894ae47e126fef12f446.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, афғонистон, паноҳандагон, unhcr, ихроҷ, нигаронӣ
тоҷикистон, смм, афғонистон, паноҳандагон, unhcr, ихроҷ, нигаронӣ
СММ аз Тоҷикистон хост, ки паноҳандагони афғонро ба Афғонистон ихроҷ накунад
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо (UNHCR), аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки аз ихроҷи паноҳандагони афғонро худдорӣ намояд.
Дар ин бора Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури гурезаҳо (UNHCR) дар як баёнияе ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
"Ихроҷи паноҳандагон ба ҳар кишваре, ки мумкин аст бо осеби ҷиддӣ рӯбарӯ шаванд, нақзи принсипи бозгардонидан аст, ки ин принсип дар моддаи 33 Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳҷӯён аз соли 1951, ки Тоҷикистон ба он имзо гузоштааст, ифода ёфтааст”, - кайд намуд ин ниҳоди СММ.
Дар баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи 7-уми декабр нашр шуд, аз Тоҷикистон хоста шудааст, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ барои муҳофизат аз касоне, ки аз озор ва азият фирор кардаанд, пойбанд бимонад.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта хабарҳо нашр шуданд, ки мақомоти Тоҷикистон даҳҳо муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карданд.
Комиссариати олии СММ дар умури гурезаҳо ҳам дар ин баёнияи худ гуфтааст, ки байни рӯзҳои 3 то 5 декабр мақомоти Тоҷикистон 41 шаҳрванди Афғонистонро, ки ҳадди ақал 37 тани онҳо паноҳҷӯ буданд, ихроҷ карданд.
СММ мегӯяд, аз амнияти ин афрод, ки аксаран мардон ва саробони хонаводаҳояшон буданд, нигарон аст.
"Осебпазирии занон ва кӯдакони онҳоро, ки дар Тоҷикистон мондаанд, бештар мекунад", - гқайд кардааст UNHCR.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани"Толибон" дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.