Бовар накунед: Вазорат хабарҳои паҳншавии коронавируси нав дар Тоҷикистонро бепоя хонд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкВрач-лаборант проводит исследование в лаборатории
Врач-лаборант проводит исследование в лаборатории  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2025
Обуна шудан
Вазорат сокинон хостааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба хуруҷи сирояти мазкур, ки гӯё дар Тоҷикистон ошкор шудааст, бовар накунанд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дода, тавсиянома дар бораи сирояти навро, ки аз номи ин ниҳод дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, бепоя хонд.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ аз ҷумла WhatsApp ва Telegram матни тавсияномае аз номи Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар чарх мезанад.
"Маводи мазкур ҳеҷ алоқамандие ба вазорат надошта, он аз номи саҳифаҳои сохта, ё ба ибораи дигар "фейк" нашру пахш гардида истодааст",- афзудааст ин ниҳод.
Вазорат аз тамоми сокинони мамлакат даъват кардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба хуруҷи сирояти мазкур, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд.
Врач центральной районной больницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2025
Метапневмовирус дар Тоҷикистон? Посухи Вазорати тандурустӣ
Қаблан Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки вазъи эпидемологӣ дар кишвар пурра зери назорат аст.
Ӯ дар мавриди сирояти метапневмовируси нав, ки дар дигар кишварҳо сабт шудааст, гуфт он дар Тоҷикистон нест.
Вай гуфт, дар кишвар мавсими бемориҳои шадиди роҳҳои нафас идома дорад ва мо вазъро таҳти назорат дорем.
Лентаи хабарҳо
0