Метапневмовирус дар Тоҷикистон? Посухи Вазорати тандурустӣ

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкВрач центральной районной больницы
Врач центральной районной больницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Муовини сардори Хадамоти назорати санитарию эпидемиологии Тоҷикистон гуфт, оё дар кишвар мавориди сирояти метапневмовирус вуҷуд дорад ва аз ин вирус эмин мондан мумкин аст ё на
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба метапневмовируси нав, ки дар Чин хуруы кард, ба цайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Вай таъкид кард, ниҳодҳои масъул бо дарёфти аввалин гузоришҳо дар борраи шуюъи метапневмовирус дар кишварҳои дигар вазъиятро меомӯзанд ва тамоми муассисаҳои тиббӣ даст ба кор шудаанд.
"Мо ҳамарӯза маълумот мегирем. Дар ҳоли ҳозир [дар ҷумҳурӣ] чунин вирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо мавсими бемориҳои шадиди роҳҳои нафас идома дорад ва мо вазъро таҳти назорат дорем", - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ мегӯяд, имкон дорад ки дар миёни гирифторони бемориҳои шадиди нафас ин вирус бошад, зеро аломатҳои тамоми бемориҳои сироятии роҳҳои нафас яксон аст.
"Динамикаи эпидемия аз дигар бемориҳо фарқ надорад. Ба ибораи дигар, мо то ҳол ҳолатҳои гирифтори ин ташхиси мушаххасро надидаем. Аммо на ҳама вақт ошкор кардани он имконпазир аст, зеро беморон одатан пас аз табобат муроҷиат мекунанд, на пештар, ки ошкор кардани сироятро мушкил мекунад ва онро дар шакли пинҳонӣ зоҳир мекунад”, - шарҳ дод Ҷаъфаров.
Вай афзуд, метапневмовирус як бемории зуком аст ва манзараи клиникӣ нишон медиҳад, ки ин сироят боиси илтиҳоби пневмония дар кӯдакони то дусола ва ҳамчунин дар калонсолоне, ки иммунитеташон заиф шудааст, мешавад.
Прохожие на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2024
Ҷаъфаров вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро ором арзёбӣ кард
“Мутаассифона, мо дар айни замон маводи озмоишиеро, ки дарҳол онро муайян кунад, надорем, аммо ҳар мариз ҳамчун гирифтор ба бемориҳои шадиди нафас ба қайд гирифта, ташхис ва табобат мешавад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз чунин маризиҳо, аз нигоҳи ин мутахассиси соҳа, худдорӣ аз ҳузур дар ҷойҳои серодам, худдармонӣ ё чораҳои инфиродӣ, ҳамчунон пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи этикаи нафаскашӣ ва атсазанӣ, зуд-зуд шустани дастон бо собун ва дигар шартҳои гигиенӣ аст.
Қаблан расонаҳо аз хуруҷи метапневмовирус дар Чин хабар дода буданд. Маъмурияти назорат ва пешгирии бемориҳо дар Чин гуфт, ки он дар асоси маълумоти намунаҳое, ки дар беморхонаҳои Чин дар ҳафтаи охири моҳи декабр гирифта шудаанд, муайян карда шудааст.
Маълум аст, ки ин вирус бештар дар музофотҳои шимолии Чин паҳн шудааст.
Муассисаҳои тиббии кишвар аз ҳад зиёд серодам будаанд ва дар ин ҳодиса кӯдакон бори гарон шудаанд. Сатҳи фавт аз ин вирус аз рақамҳои дар давраи пандемияи COVID-19 сабтшуда зиёдтар буда, 43% -ро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди афзоиши шумораи ниқобпӯшон дар байни аҳолии маҳаллӣ, то ҳол маҳдудиятҳои расмӣ ва бастани иншоот ҷорӣ карда нашудаанд.
Метапневмовирус дар Қазоқистон низ сабт шудааст. Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод, ки афзоиши беморӣ мавсимӣ буда, 1,6% -ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар кишвар 30 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст.
Аломатҳо аз сулфа, дарди гулӯ, оби бинӣ, нафастангь, баланд шудани щарорати бадан иборатанд.
Лентаи хабарҳо
0