https://sputnik.tj/20250119/tojikiston-khavf-tarma-sangrezi-boqi-memonad-1065926721.html
Дар Тоҷикистон хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад
Дар Тоҷикистон хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз идомаи боришот то ду рӯзи дигар хабар дода, сокинони минтақаҳои кӯҳиро ба эҳтиёткорӣ даъват кард 19.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-19T10:30+0500
2025-01-19T10:30+0500
2025-01-20T11:31+0500
дар тоҷикистон
кҳф
тарма
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044871435_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_f321d67abeb73b81a665c840c8cbecab.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Хавфи фаромадани тарма ва сангрезӣ то 20 январ боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, афзуд, ки боришот то ду рӯзи дигар идома меёбад, аз ин рӯ эҳтимоли сангрезӣ ва фаромадани тарма зиёд аст.Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон ва махсусан аз сокинони минтақаҳои кӯҳӣ даъват намуд, ки эҳтиёткор бошанд. Аз ҷумла хоҳиш намуд, ки ҳангоми истифодаи гармкунакҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд ва аз истифодаи гармкунакҳои электронии худсохт худдорӣ кунанд.Гузашта аз ин КҲФ даъват намуд, ки дар рӯзҳои зикршуда аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва инчунин ба ҳезумҷамъкунӣ, шикору моҳидорӣ ва дигар корҳои саҳроӣ набояд раванд.Ёдовар мешавем, ки имсол бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Ванҷ як мард ба ҳалокат расид.Ӯ ҳамроҳ бо ду марди дигар ба ҳезумҷамъкунӣ рафтанд, вале ҳангоми фаромадани тарма ҳар се зери барфмемонанд. Дуинҳо зинда наҷот ёфтанд, вале ҳамраҳи саввумашон ба ҳалокат расид.
https://sputnik.tj/20241121/vanj-se-mard-zeri-tarma-mond-1065210418.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044871435_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_006c7d3c9804dc2584e58f3722c3d3ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кҳф, тарма, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, кҳф, тарма, иҷтимоъ
Дар Тоҷикистон хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад
10:30 19.01.2025 (Навсозишуда: 11:31 20.01.2025) Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз идомаи боришот то ду рӯзи дигар хабар дода, сокинони минтақаҳои кӯҳиро ба эҳтиёткорӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Хавфи фаромадани тарма ва сангрезӣ то 20 январ боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, афзуд, ки боришот то ду рӯзи дигар идома меёбад, аз ин рӯ эҳтимоли сангрезӣ ва фаромадани тарма зиёд аст.
Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон ва махсусан аз сокинони минтақаҳои кӯҳӣ даъват намуд, ки эҳтиёткор бошанд.
Аз ҷумла хоҳиш намуд, ки ҳангоми истифодаи гармкунакҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд ва аз истифодаи гармкунакҳои электронии худсохт худдорӣ кунанд.
Гузашта аз ин КҲФ даъват намуд, ки дар рӯзҳои зикршуда аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва инчунин ба ҳезумҷамъкунӣ, шикору моҳидорӣ ва дигар корҳои саҳроӣ набояд раванд.
Ёдовар мешавем, ки имсол бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Ванҷ як мард ба ҳалокат расид.
Ӯ ҳамроҳ бо ду марди дигар ба ҳезумҷамъкунӣ рафтанд, вале ҳангоми фаромадани тарма ҳар се зери барфмемонанд. Дуинҳо зинда наҷот ёфтанд, вале ҳамраҳи саввумашон ба ҳалокат расид.