Истеъфои вазирони исроилӣ баробари барқарории оташбас: онҳо идомаи ҷангро мехоҳанд

© Sputnik / Фото предоставлено пресс-службой Армии обороны Израиля / Гузариш ба медиабонкАрмия Израиля
Армия Израиля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2025
Обуна шудан
Бен-Гвир яке аз ҷонибдорони сарсахти идомаи ҳамалот дар Ғазза аст ва гуфтааст, ки агар ҷанг дигарбора азсар гирифта шавад ба ҳукумат бармегардад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Вазири амнияти миллии Исроил Итамар Бен-Гвир ба нишони эътироз ба тавофуқ бо ҷунбиши Фаластинии Ҳамос дар бораи оташбас дар навори Ғазза истеъфо дод.
Ҳамзамон ҳизби "Қувваи яҳудӣ"-и ӯ аз хуруҷи худ аз эътилофи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу хабар дод, гуфт худи вазир дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
"Вакилони "Қувваи яҳудӣ" истеъфои худро ба сарвазир пешниҳод карданд. Ҳарфи мо ҳарф аст. Мо ба як созишномаи бесарусомон розӣ нахоҳем шуд!",- гуфтааст ӯ.
Дарвоқе, ӯ зидди ин созишнома буд ва қаблан низ зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки агар хукумати Исроил созишро дар бораи озод кардани гаравгонхо ва бас кардани оташбас дар Наврори Ғазза маъқул донад, истеъфо медиҳад.
Ӯ яке аз ҷонибдорони сарсахти идомаи ҳамалот дар Ғазза аст ва гуфтааст, ки агар ҷанг дигарбора азсар гирифта шавад ба ҳукумат бармегардад.
Ширкати телевизион ва радиои Kan хабар медиҳад, ки чунин тасмими истеъфоро ду вазири дигари эътилофи ҳоким низ қабул кардаанд. Онҳо дар давоми 48 соат мақомҳои худро тарк мекунанд.
Разрушенные здания в Секторе Газа, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2025
Ҳамос ва Исроил созишномаи оташбасро имзо карданд - шартҳо
Созишномаи оташбас бояд субҳи имрӯз мавриди амал қарор мегирифт, аммо бинобар сабаби мушкилоти техникӣ Ҳамос рӯёхати гаравгонҳоро дертар ирсол кард.
Исроил бошад дар ин муддат чанд ҳамла ба Ғазза дошт, ки дар пай чанд кушта низ барҷой гузошт.
Ба асоси шартҳои оташбас, марҳилаи аввали оташбас 42 рӯз идома хоҳад кард.
Қатар, Миср ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Қоҳира як гурӯҳи муштарак таъсис медиҳанд, то иҷрои созиши оташбасро назорат кунанд.
Дар лоиҳаи созишнома чунин гуфта мешавад:
Исроил 1000 маҳбуси баъди 8 октябри соли 2023 боздоштшудаи Ғаззаро озод мекунад;
Нӯҳ гаравгон аз Ғазза бар ивази 110 маҳбуси фаластинӣ, ки дар Исроил ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, озод карда мешаванд;
Исроил дар марҳилаи аввали созиши оташбаси Ғазза теъдоди сарбозони худро дар долони Филаделфи дар марзи миёни навори Ғазза ва Миср ба тадриҷ коҳиш хоҳад дод.
Ҳамос ин созишро таъйид кард ва онро "нуқтаи гардиш" дар низоъ бо Исроил хонд.
Лентаи хабарҳо
0