Ташвиш накашед: Вазорат гуфт, вазъияти эпидемиологӣ зери назорат аст

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГрадусник. Иллюстративное фото
Градусник. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2025
Обуна шудан
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас дар кишварро ба тағйирёбии обу ҳаво рабт медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар зери назару назорат аст, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Ҷаъфаров сармои субҳу шом эҳтимолияти сирояти бемориҳои шамолхӯрӣ, роҳҳои болоии нафасро ба вуҷуд овардааст.
Вай таъкид кард, ки сокинон алакай муроҷиатҳо кардаанд.
“Озмоишгоҳҳои вирусологии мо таҳқиқотҳоро бурдаистодаанд ва тавре мо ҳафтаи гузаштаро таҳлил кардем, ба истиснои мавҷудияти вируси зуком, ковид ва метапневмовирус, боқимонда аденовирус, реновирус, вирусҳои ба зуком монанд вуҷуд доранд”,- гуфт ӯ.
Тибқи муроҷиатҳо ба гуфтаи вай, зиёдтар кӯдакони то 5-сола ва афроди калонсол ба бемориҳои шадиди роҳҳи нафас гирифтор мешаванд. Афроди синну соли миёна ин бемориҳоро осонтар мегузароннад, бинобар ҳамин муроҷиат ҳам намекунанд.
Врачи в госпитале для лечения больных COVID-19, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2025
Ҷаъфаров: Дар Тоҷикистон метапневмовирус сабт нашудааст
Мутахассис аз аҳолӣ даъват кард, ки ташвиши зиёд накашанд.
Вай ҳамчунин аз сокинон даъват кард, ки аз табобати худсарона эҳтиёткор бошанд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кунанд.
Ҳамзамон тавсия дод, ки сокинон қоидаҳои одии санитарию гигиенӣ ва муҳофизати шахсиро риоя намоянд ва дар ҳолатҳое, ки зарур аст ниқоб пӯшанд, то на худ сироят шаванду на бемориро ба хона биёранд.
Лентаи хабарҳо
0