Пизишкиён аз аҳамияти ҳузури Эрон дар ИИАО гуфт

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Масуд Пезешкиан во время встречи с председателем правительства РФ Михаилом Мишустиным.
Президент Ирана Масуд Пезешкиан во время встречи с председателем правительства РФ Михаилом Мишустиным. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Эрон дар Маскав гуфт, ҳузури Эрон дар ИИАО ба рушди равобит бо Русия такони нав хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳузури Эрон дар ИИАО ба рушди равобити дуҷонибаи Ҷумҳурӣ Исломӣ ва Русия такони бузург хоҳад дод.
Дар ин бора раисиҷумҳури Эрон зимни мулоқот бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия дар Маскав баён дошт.
"Дар мавриди ҳамкориҳои мо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ман мутмаинам, ки ҳузури мо дар ин иттиҳодия низ ба рушди равобити дуҷониба такони бузург хоҳад бахшид”, - изҳор дошт Пизишкиён дар мулоқот бо Мишустин.
Қаблан раҳбарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасмим дар бораи додани мақоми нозир ба Эрон дар ИИАО ва тасмими эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эронро тасвиб карданд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Национальный флаг Ирана над Тегераном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2024
Эрон дар ИИАО мақоми кишвари нозирро дарёфт кард
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0