Эрон дар ИИАО мақоми кишвари нозирро дарёфт кард

© AP / Vahid SalemiНациональный флаг Ирана над Тегераном
Национальный флаг Ирана над Тегераном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2024
Обуна шудан
Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар бораи додани мақоми нозир ба Ҷумҳурии Исломии Эрон розӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раҳбарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)тасмим дар бораи додани мақоми нозир ба Эрон дар ИИАО -ро тасвиб карданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дод.
"Ҳуҷҷатҳо дар паи ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё тасвиб шуданд... Қарор "Дар бораи ба Ҷумҳурии Исломии Эрон додани мақоми кишвари нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё", - гуфта мешавад дар паём.
Қаблан савазири Русия, Михаил Мишустин дар як мусоҳибаи худ иттилоъ дод, ки ба Эрон мақоми кишвари нозир дар ИИАО дода мешавад.
Илова бар ин, ӯ гуфта буд, ки ИИАО бо чаҳор кишвар созишномаи тиҷорати озод дорад.
"Мо бо дигар кишварҳо гуфтушунид дорем, то молҳои худро дар бозорҳои ҷаҳонӣ пешбарӣ кунем ва маҳсулотро аз кишварҳои берун аз иттиҳод бо нархи рақобатпазир харидорӣ кунем", - зикр намуда буд сарвазири Русия.
Президент Владимир Путин принял участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2024
Путин: ИИАО худро ҳамчун маркази худкифо дар ҷаҳони нави бисёрқутбӣ муаррифӣ кард
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.
Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0