https://sputnik.tj/20250116/ukraina-shabonaruz-sarboz-kurs-talaf-1065895285.html
Украина шабонарӯзи ахир беш аз 200 сарбозро дар Курс талаф дод
Украина шабонарӯзи ахир беш аз 200 сарбозро дар Курс талаф дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дод, ки шабонарӯзи ахир дар вилояти Курск 210 сарбози украинӣ маҳв шуданд 16.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-16T17:59+0500
2025-01-16T17:59+0500
2025-01-16T17:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
амалиёти вижа
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/09/1065804027_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c25ac6974cb5cd914e111be761b8db8e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки воҳидҳои артиши Русия дар минтақаи марзии Курск дар як рӯз беш аз 210 ҷангҷӯи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.Илова бар ин, ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, як гаубитсаи сохти М777 ва ҳашт миномётро нобуд карданд.Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Амалиёти вижаи низомӣ дар самти Курск беш аз 52 330 хизматчии ҳарбӣ, 305 танк, 231 мошини ҷангии пиёда, 1567 мошини зиреҳпӯш, 1486 автомашина, 367 адад тӯпхона талаф дод.Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин."Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
https://sputnik.tj/20250111/rasonaho-artish-ukraina-lavozimot-jangi-pastsifat-talafot-ziyod-1065829992.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/09/1065804027_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_0f27b158f6fcce8e552df03ec3cf50c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, амалиёти вижа, амният ва мудофиа
украина, русия, амалиёти вижа, амният ва мудофиа
Украина шабонарӯзи ахир беш аз 200 сарбозро дар Курс талаф дод
Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дод, ки шабонарӯзи ахир дар вилояти Курск 210 сарбози украинӣ маҳв шуданд
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки воҳидҳои артиши Русия дар минтақаи марзии Курск дар як рӯз беш аз 210 ҷангҷӯи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Илова бар ин, ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, як гаубитсаи сохти М777 ва ҳашт миномётро нобуд карданд.
"Дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 210 сарбоз, ду мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 6 мошин, як гаубитсаи сохти M777 ва ҳашт миномётро аз байн бурданд", - гуфт Вазорати дифои Русия.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Амалиёти вижаи низомӣ дар самти Курск беш аз 52 330 хизматчии ҳарбӣ, 305 танк, 231 мошини ҷангии пиёда, 1567 мошини зиреҳпӯш, 1486 автомашина, 367 адад тӯпхона талаф дод.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.