https://sputnik.tj/20250111/rasonaho-artish-ukraina-lavozimot-jangi-pastsifat-talafot-ziyod-1065829992.html
Расонаҳо: Артиши Украина бинобар лавозимоти ҷангии пастсифат талафоти зиёде дидааст
Расонаҳо: Артиши Украина бинобар лавозимоти ҷангии пастсифат талафоти зиёде дидааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои нашрияи украинӣ, сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба далели лавозимоти ҷангии пастсифат дастҳояшон канда ва рӯяшон месӯзад 11.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-11T17:58+0500
2025-01-11T17:58+0500
2025-01-13T11:50+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064719745_0:84:3066:1809_1920x0_80_0_0_df2d8cc06a48691e82aa87c704018479.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ бар асари лавозимоти ҷангии пастсифат ва маводи таркандаи худсохт талафоти зиёде мебинанд. Дар ин бора нашрияи украинии "Страна.ua" бо истинод ба як масъули Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар дод.Дар охири моҳи ноябр Бюрои давлатии тафтишотии Украина дар робита ба интиқоли минаҳои пастсифати 120 миллиметрии истеҳсоли "Укроборонпром” ба артиш парвандаи ҷиноӣ боз кард. Илова бар ин, хабарнигор Юлия Кириенко-Меринова хабар дод, як партияи минаҳои калибри 82 миллиметрӣ низ нуқсондор баромад.Вазорати дифои Украина изҳор дошт, ки сабаби таркиши ғайримуқаррарии минаҳо метавонад партовҳои пастсифат ё вайрон кардани шароити нигоҳдорӣ бошад. Дар авоили моҳи декабр вакили Верховная Рада Олексий Гончаренко* аз мусодираи 150 ҳазор мина хабар дод ва бори дигар хостори истеъфои раҳбарияти низомӣ ва вазири дифоъ Рустем Умеров шуд. Дар қатори сабабҳои дигар, ӯ нарасидани лавозимоти ҷангӣ дар ҷабҳа ва вазъи ногувори нерӯҳои Украинаро номбар кард. * Ба рӯйхати террористон ва экстремистҳо дар Русия дохил карда шудааст.
https://sputnik.tj/20250109/talafoti-ukraina-kursk-askar-guzasht-1065811211.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064719745_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_780863c60e12dbb8c7f6f2b8ce6b82a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, амният ва мудофиа
украина, амалиёти вижа, амният ва мудофиа
Расонаҳо: Артиши Украина бинобар лавозимоти ҷангии пастсифат талафоти зиёде дидааст
17:58 11.01.2025 (Навсозишуда: 11:50 13.01.2025) Ба иттилои нашрияи украинӣ, сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба далели лавозимоти ҷангии пастсифат дастҳояшон канда ва рӯяшон месӯзад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ бар асари лавозимоти ҷангии пастсифат ва маводи таркандаи худсохт талафоти зиёде мебинанд.
Дар ин бора нашрияи украинии "Страна.ua" бо истинод ба як масъули Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар дод.
"Аксари талафоти низомии мо бар асари лавозимоти ҷангии бесифат ва силоҳи оташфишон аст. Дар беҳтарин ҳолат, дастони сарбозон канда мешаванд, рӯяшон месӯзад ва ё нобино мешаванд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар охири моҳи ноябр Бюрои давлатии тафтишотии Украина дар робита ба интиқоли минаҳои пастсифати 120 миллиметрии истеҳсоли "Укроборонпром” ба артиш парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Илова бар ин, хабарнигор Юлия Кириенко-Меринова хабар дод, як партияи минаҳои калибри 82 миллиметрӣ низ нуқсондор баромад.
Вазорати дифои Украина изҳор дошт, ки сабаби таркиши ғайримуқаррарии минаҳо метавонад партовҳои пастсифат ё вайрон кардани шароити нигоҳдорӣ бошад.
Дар авоили моҳи декабр вакили Верховная Рада Олексий Гончаренко* аз мусодираи 150 ҳазор мина хабар дод ва бори дигар хостори истеъфои раҳбарияти низомӣ ва вазири дифоъ Рустем Умеров шуд.
Дар қатори сабабҳои дигар, ӯ нарасидани лавозимоти ҷангӣ дар ҷабҳа ва вазъи ногувори нерӯҳои Украинаро номбар кард.
* Ба рӯйхати террористон ва экстремистҳо дар Русия дохил карда шудааст.