Эрон мехоҳад теъдоди гардишгарони тоҷикро афзоиш диҳад

© AP / Vahid SalemiТуристы в Персеполисе, Иран
Туристы в Персеполисе, Иран  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2025
Обуна шудан
Вазири эронӣ дар сафар ба Тоҷикистон, аз ҳадафгузорӣ барои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои гардишгарӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ Саидризо Солеҳ Амирӣ гуфт, ки теъдоди гардишгарони тоҷик ки ба Эрон сафар мекунанд аз 8 ҳазор нафар ба 100 ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории ИСНА.
Саидризои Солеҳӣ Амирӣ дар ҳошияи эъзоми ҳайати тиҷории утоқи Эрон ба Тоҷикистон, бар аҳамияти густариши равобит бо Тоҷикистон таъкид кард.
Вай афзуд, Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба иштирокоти фарҳангӣ ва тамаддунӣ, яке аз увлавиятҳои стротежики Эрон дар тавсеаи равобит бо ҳамсоягон аст.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастӣ, зарфиятҳои Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва фарҳангӣ "беназир" тавсиф кард.
“Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба иштирокоти фарҳангӣ ва ба унвони бахше аз ҳавзаи тамаддунии Наврӯз ва бо назар ба забони муштарак, кишвари калидӣ барои тақвияти иртибототи иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон маҳсуб мешавад”, - гуфт ӯ.
Солеҳ Амирӣ бо ишора ба ҳадафгузорӣ барои афзоиши теъдоди гардишгарони Тоҷикистон барои сафар ба Эрон, изҳор кард, ки дар ҳоли ҳозир, теъдоди гардишгарони тоҷик ҳудуди 8 ҳазор нафар аст, аммо тавофуқ шудааст ин рақам ба 100 ҳазор нафар афзоиш ёбад.
Флаги Ирана и Таджикистана в аэропорту Мехрабад в Тегеране, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2025
Эҳёи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон: Сардиву гармӣ дар равобити Душанбеву Теҳрон
Тавсеаи гардишгарӣ, илова бар тақвияти равобити фарҳангӣ, ба афзоиши тиҷоратӣ низ кумак хоҳад кард.
Вазири эронӣ гуфт, ки ба сафарҳои ахири худ ба кишварҳои минтақа аз ҷумлаи Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон ишора карду афзуд: давлати чаҳордаҳум бар тавсеаи равобит бо ҳамсоягон мутамарказ аст ва дар ҳоли эҷоди зерсохтҳои лозим барои баҳрабардорӣ аз ин зарфиятҳо ҳастем.
Эрону Тоҷикистон қаблан дар тавофуқе, лағв раводид карданду шаҳрвандони ду кишвар, ки бо парвози байни Теҳрон ва Душанбе сафар мекунанд, аз имтиёзи вуруди бидуни визо (раводид) баҳраманд мешаванд.
Ин шаҳрвандон дар ҳар бозаи 90 рӯза метавонанд 30 рӯз дар Эрон ва Тоҷикистон бимонанд. Ин имтиёз ҳануз шомили шаҳрвандони Эрон ва Тоҷикистон, ки аз роҳи заминӣ ва ё аз тариқи кишварҳои дигари вориди Теҳрон ва ё Душанбе шаванд, намешавад.
Лағви визои байни Эрону Тоҷикистон, агарчӣ бо истиқболи фаъолони гардишгарии ду кишвари мувоҷеҳ шудааст, аммо камбуди парвози мустақим ва гаронии чиптаҳои ҳавопаймо, монеъ афзоиш рафту омади атбоъи ду кишвар будааст.
Лентаи хабарҳо
0