https://sputnik.tj/20250116/sohibkoron-tojikistonu-eron-sadho-million-dollar-sanad-imzo-kardand-1065896081.html
Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ба маблағи садҳо миллион доллар санадҳо имзо карданд
Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ба маблағи садҳо миллион доллар санадҳо имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар бинои "Маркази Ош" бо ҳузури раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид 16.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-16T18:52+0500
2025-01-16T18:52+0500
2025-01-16T18:52+0500
дар тоҷикистон
эрон
масъуд пизишкиён
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065896464_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_c60f41da871f9dc2a0c78a53e87fa802.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Пас аз мулоқоту музокироти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва имзои 23 санади нави ҳамкорӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён бо соҳибкорони ду давлат вохӯрӣ ва гуфтугӯ доир карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.Ба иттилои манбаъ, Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон дар бинои "Маркази Ош"- и пойтахт баргузор гардид ва аз рӯи натиҷаҳои чорабиниҳои мазкур 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар ба имзо расонида шуд.Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки соли гузашта ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50% нисбат ба соли 2023 афзоиш ёфт.Сарони ҳар ду давлат зимни суханронӣ аз имконоту шароити хуб барои беҳтар кардани ҳамкории Тоҷикистону Эрон гуфтанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон аз сарватҳои фаровони табиӣ ба мисли об, маъданҳо, фулузоти нодир, имконоти беандозаи истеҳсоли энергияи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”, роҳандозии ҳамкории судовар дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, ғизоӣ, нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаҳои энергетика, металлургӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва истифода аз зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ ёдовар шуда, тоҷирону сармоягузорони эрониро ба ҳамкории самарабахш даъват кард.Дар идома Пизишкиён низ ҳарду ҷонибро ба дарёфти роҳҳои наву судовари ҳамкорӣ даъват намуданд.Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон рӯзи 15 январ бо Муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта, 16 декабр бо ҳузури сарони давлатҳо идома ва ҳусни анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20250116/tojikiston-eron-23-sozishnoma-hamkori-imzo-kardand-1065889472.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/10/1065896464_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_1772927d3f488e3e015ed8e745908f96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, масъуд пизишкиён, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
дар тоҷикистон, эрон, масъуд пизишкиён, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ба маблағи садҳо миллион доллар санадҳо имзо карданд
Дар бинои "Маркази Ош" бо ҳузури раисиҷумҳурони Тоҷикистону Эрон Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Пас аз мулоқоту музокироти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва имзои 23 санади нави ҳамкорӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён бо соҳибкорони ду давлат вохӯрӣ ва гуфтугӯ доир карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон дар бинои "Маркази Ош"- и пойтахт баргузор гардид ва аз рӯи натиҷаҳои чорабиниҳои мазкур 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар ба имзо расонида шуд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки соли гузашта ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50% нисбат ба соли 2023 афзоиш ёфт.
Сарони ҳар ду давлат зимни суханронӣ аз имконоту шароити хуб барои беҳтар кардани ҳамкории Тоҷикистону Эрон гуфтанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон аз сарватҳои фаровони табиӣ ба мисли об, маъданҳо, фулузоти нодир, имконоти беандозаи истеҳсоли энергияи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”, роҳандозии ҳамкории судовар дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, ғизоӣ, нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаҳои энергетика, металлургӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва истифода аз зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ ёдовар шуда, тоҷирону сармоягузорони эрониро ба ҳамкории самарабахш даъват кард.
Дар идома Пизишкиён низ ҳарду ҷонибро ба дарёфти роҳҳои наву судовари ҳамкорӣ даъват намуданд.
Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон рӯзи 15 январ бо Муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта, 16 декабр бо ҳузури сарони давлатҳо идома ва ҳусни анҷом ёфт.