https://sputnik.tj/20250115/davati-nozironi-kishvar-nazorati-intikhoboti-parlumoni-tojikiston-1065870114.html
Даъвати нозирони 26 кишвари ҷаҳон барои назорати интихоботи парлумонии Тоҷикистон
Даъвати нозирони 26 кишвари ҷаҳон барои назорати интихоботи парлумонии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва чаҳор созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ барои назорати интихоботи парлумонӣ даъватнома ирсол кардааст
2025-01-15T13:11+0500
2025-01-15T13:11+0500
2025-01-15T13:21+0500
интихобот
парлумон
дар тоҷикистон
кмир
нозирон
нозирони интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065706205_0:92:1280:812_1920x0_80_0_0_7326a652e80393521a9c3523c61a1ce8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба 26 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ барои нозорати интихоботи порлумонии кишвар, ки моҳи марти соли 2025 баргузор мешавад, даъватнома ирсол кардааст.Дар ин бора узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ (КМИР) Махфират Хидирзода хабар додааст.Ба гуфтаи вай, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 26 давлати хориҷӣ ва чаҳор созмони минтақавию байналмилалӣ барои ширкат дар интихоботи порлумони ҷумҳурӣ ба сифати нозир даъватнома ирсол кардааст.Ба гуфтаи Хидирзода, барномаи мобилии "Интихоботи вакилони халқ - 2025" роҳандозӣ шуда, фаъолият дорад."Шаффофият ва ошкорбаёнӣ яке аз принсипҳои асосии баргузории интихобот аст. Дар ин росто, КМИР бо мақсади инъикоси фаъолияти худ сомонаи интернетии худро такмил дод, ки фаъол аст ва тамоми паҳлӯҳои фаъолияти онро фаро мегирад".Хидирзода ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2024 КМИР як ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботӣ ва ҳамчунин 41 ҳавзаи якмандатии интихоботи парлумониро таъсис дода буд.Илова бар ин, барои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа дар интихобот дар назди сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар 28 кишвари ҷаҳон 36 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.Инчунин, дар бораи иштироки маъюбон дар интихобот дастуруламалҳо тасдиқ карда шудаанд.Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботи парлумониро имзо кард.Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.Тибқи Қонун дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ баргузор мешавад.Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.
https://sputnik.tj/20241223/kmir-tartibi-ishtiroki-nozironi-baynalmilali-intikhobot-tasdiq-1065622970.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065706205_27:0:1164:853_1920x0_80_0_0_f3a14c581430371e41431e102635484a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, даъват, нозирон, интихобот, парлумон, кмир
тоҷикистон, даъват, нозирон, интихобот, парлумон, кмир
Даъвати нозирони 26 кишвари ҷаҳон барои назорати интихоботи парлумонии Тоҷикистон
13:11 15.01.2025 (Навсозишуда: 13:21 15.01.2025) Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ва чаҳор созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ барои назорати интихоботи парлумонӣ даъватнома ирсол кардааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба 26 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ барои нозорати интихоботи порлумонии кишвар, ки моҳи марти соли 2025 баргузор мешавад, даъватнома ирсол кардааст.
Дар ин бора узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ (КМИР) Махфират Хидирзода хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 26 давлати хориҷӣ ва чаҳор созмони минтақавию байналмилалӣ барои ширкат дар интихоботи порлумони ҷумҳурӣ ба сифати нозир даъватнома ирсол кардааст.
Ба гуфтаи Хидирзода, барномаи мобилии "Интихоботи вакилони халқ - 2025" роҳандозӣ шуда, фаъолият дорад.
"Шаффофият ва ошкорбаёнӣ яке аз принсипҳои асосии баргузории интихобот аст. Дар ин росто, КМИР бо мақсади инъикоси фаъолияти худ сомонаи интернетии худро такмил дод, ки фаъол аст ва тамоми паҳлӯҳои фаъолияти онро фаро мегирад".
Хидирзода ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2024 КМИР як ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботӣ ва ҳамчунин 41 ҳавзаи якмандатии интихоботи парлумониро таъсис дода буд.
Илова бар ин, барои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа дар интихобот дар назди сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар 28 кишвари ҷаҳон 36 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Инчунин, дар бораи иштироки маъюбон дар интихобот дастуруламалҳо тасдиқ карда шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 декабр фармон дар бораи баргузории интихоботи парлумониро имзо кард.
Тибқи ин санад, интихоботи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин шудааст.
Тибқи Қонун дар ҳамон рӯз интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот низ баргузор мешавад.
Интихоботи вакилони даъвати нави палатаи болоии порлумони Тоҷикистон рӯзи 28 март таъин шудааст.