https://sputnik.tj/20250113/sughd-istehsoli-mahsuloti-sanoatiro-ba-303-milliard-somoni-rasond--1065841081.html
Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 30,3 миллиард сомонӣ расонд
Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 30,3 миллиард сомонӣ расонд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар вилоят 1229 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1192 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранд
2025-01-13T12:59+0500
2025-01-13T12:59+0500
2025-01-13T12:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
истеҳсол
маҳсулот
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064253084_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_1e2dcc4aae064c26ed28d660fe768e0c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Мақомоти Суғд эълон кардааст, ки соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 30,3 миллиард сомонӣ расонида шуда афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 120,1 фоиз таъмин гардид.Тибқи иттилои мақомоти вилоят соли 2024 ба миқдори 424,5 ҳазор тонна орд, 5563,1 тонна равғани растанӣ, 7925,2 тонна маҳсулоти макаронӣ, 62,8 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 48,6 млн. қуттии шартии консерваҳои гуногун, 18,1 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шудааст.Ба иттилои манбаъ, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли орд 42,4%, равғани растанӣ 1,3%, маҳсулоти макаронӣ 8,3%, нон ва маҳсулоти нонӣ 4,9%, консерваҳо 3,9% ва нӯшокиҳо 25,3%-ро афзоиш ёфтааст.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар вилоят 1,9 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2023 27,6% зиёд мебошад.Бояд қайд кард, ки дар вилоят 1229 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1192 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранд.Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон танҳо дар соли 2024-ум 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.
https://sputnik.tj/20250104/rahmon-viloyati-sugd-raisoni-shash-nohiya-viloyat-ivaz-kard-1065759452.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064253084_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_0d5f83325c113684933818927e122ae5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, истеҳсол, маҳсулот, саноатӣ, корхона, саноат
тоҷикистон, суғд, истеҳсол, маҳсулот, саноатӣ, корхона, саноат
Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 30,3 миллиард сомонӣ расонд
Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар вилоят 1229 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1192 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Мақомоти Суғд эълон кардааст, ки соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 30,3 миллиард сомонӣ расонида шуда афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 120,1 фоиз таъмин гардид.
Тибқи иттилои мақомоти вилоят соли 2024 ба миқдори 424,5 ҳазор тонна орд, 5563,1 тонна равғани растанӣ, 7925,2 тонна маҳсулоти макаронӣ, 62,8 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 48,6 млн. қуттии шартии консерваҳои гуногун, 18,1 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли орд 42,4%, равғани растанӣ 1,3%, маҳсулоти макаронӣ 8,3%, нон ва маҳсулоти нонӣ 4,9%, консерваҳо 3,9% ва нӯшокиҳо 25,3%-ро афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар вилоят 1,9 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2023 27,6% зиёд мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар вилоят 1229 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1192 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият доранд.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон танҳо дар соли 2024-ум 166 корхонаву коргоҳи нав бо 2060 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.