https://sputnik.tj/20250112/vao-hamos-isroil-nazdik-sozish-otashbas-1065835326.html
ВАО: Ҳамос ва Исроил наздик ба созиши оташбас ҳастанд
ВАО: Ҳамос ва Исроил наздик ба созиши оташбас ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷунбиши фаластинии Ҳамос гуфтааст, ки омода аст феҳристи гаравгонони исроилӣ дар навори Ғаззаро дар марҳилаи ибтидоии иҷрои созишномаи
2025-01-12T17:33+0500
2025-01-12T17:33+0500
2025-01-12T17:33+0500
ҳамос
исроил
оташбас
навори ғазза
фаластин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/08/1063854429_0:188:3072:1916_1920x0_80_0_0_b7171b3e1faa69d9adb396ffa26cd228.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Матни созиши оташбас дар Ғазза омода аст ва 24 соат пас аз тавофуқи Бинёмин Нетаняҳу иҷро хоҳад шуд. Дар ин бора як манбаи фаластинии огоҳ аз музокирот изҳор доштааст, менависад ИРНА. Ба иттилои манбаъ, кумитаҳои фаннии тарафҳо ва миёнаравҳо таҳияи матни созишномаро ба анҷом расониданд ва ин созишнома барои имзо омода аст. Пас аз гузаштҳои такрорӣ, Ҳамос розӣ шудааст, ки созиши феълиро иҷро кунад. Дар марҳалаи аввал ин тавофуқ баргардонидани афроди овора, хуруҷи артиши Исроилро пешбинӣ мекунад. Миёнаравҳо вуруди бемаҳдудияти кумакҳои башардӯстона, имдодӣ ва тиббиро ба тамоми навори Ғазза таъмин карданд. Амалиёти барқарорсозӣ аз оғози иҷрои қарордод оғоз мешавад. Ба гуфтаи манобеъи Al Arabiya, аъзои Ҳамос дар раванди музокира "як миқдоре қавииродагиро" нишон додаанд. Ин нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро маҷбур кард, ки ба баҳсҳои созиш баргардад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти тозаинтихоби ИМА дар Ховари Миёна, ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар мулоқоташ гуфтааст, Трамп мехоҳад, созишномаи Исроил бо ҷунбиши фаластинии Ҳамос то рӯзи савгандёдкунии ӯ 20 январ ба анҷом расад, хабар медиҳад Axios бо истинод бафарди расмии Исроил. "Виткофф рӯзи шанбе бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард ва ҳадафи Трампро барои расидан ба созиш то 20 январ таъкид кард", - менависад рӯзнома.Як мақоми исроилӣ ба ин расона гуфтааст, ки Исроил ва Ҳамос дар музокирот дар рӯзҳои ахир пешрафт кардаанд, аммо масоили баҳсбарангез то ҳол боқӣ мондаанд. Як мақоми дигари исроилӣ гуфт, то ин муҳлат расидан ба созиш душвор хоҳад буд, ҳарчанд ӯ иқрор шуд, ки ин имконпазир аст. Ба гуфтаи ин портал, дар сурати баста шудани созиш, дар марҳилаи аввал 33 гаравгон ба Исроил супурда мешаванд, дар ҳоле ки оташбас дар навори Ғазза аз шаш то ҳафт ҳафта идома хоҳад кард. Исроил дар навбати худ бояд садҳо маҳбуси фаластиниро озод кунад.
https://sputnik.tj/20241112/jonibdori-tojikiston-tasisi-davlati-falastin-poytakht-baytulmuqaddas-1065082345.html
исроил
навори ғазза
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/08/1063854429_80:0:2811:2048_1920x0_80_0_0_35edd4bdfa524da535fe13566603a1d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао ҳамос исроил созиш оташбас
вао ҳамос исроил созиш оташбас
ВАО: Ҳамос ва Исроил наздик ба созиши оташбас ҳастанд
Ҷунбиши фаластинии Ҳамос гуфтааст, ки омода аст феҳристи гаравгонони исроилӣ дар навори Ғаззаро дар марҳилаи ибтидоии иҷрои созишномаи
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Матни созиши оташбас дар Ғазза омода аст ва 24 соат пас аз тавофуқи Бинёмин Нетаняҳу иҷро хоҳад шуд.
Дар ин бора як манбаи фаластинии огоҳ аз музокирот изҳор доштааст, менависад ИРНА. Ба иттилои манбаъ, кумитаҳои фаннии тарафҳо ва миёнаравҳо таҳияи матни созишномаро ба анҷом расониданд ва ин созишнома барои имзо омода аст.
Пас аз гузаштҳои такрорӣ, Ҳамос розӣ шудааст, ки созиши феълиро иҷро кунад.
Дар марҳалаи аввал ин тавофуқ баргардонидани афроди овора, хуруҷи артиши Исроилро пешбинӣ мекунад. Миёнаравҳо вуруди бемаҳдудияти кумакҳои башардӯстона, имдодӣ ва тиббиро ба тамоми навори Ғазза таъмин карданд. Амалиёти барқарорсозӣ аз оғози иҷрои қарордод оғоз мешавад.
Ба гуфтаи манобеъи Al Arabiya, аъзои Ҳамос дар раванди музокира "як миқдоре қавииродагиро" нишон додаанд. Ин нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро маҷбур кард, ки ба баҳсҳои созиш баргардад.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти тозаинтихоби ИМА дар Ховари Миёна, ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар мулоқоташ гуфтааст, Трамп мехоҳад, созишномаи Исроил бо ҷунбиши фаластинии Ҳамос то рӯзи савгандёдкунии ӯ 20 январ ба анҷом расад, хабар медиҳад Axios бо истинод бафарди расмии Исроил.
"Виткофф рӯзи шанбе бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард ва ҳадафи Трампро барои расидан ба созиш то 20 январ таъкид кард", - менависад рӯзнома.
Як мақоми исроилӣ ба ин расона гуфтааст, ки Исроил ва Ҳамос дар музокирот дар рӯзҳои ахир пешрафт кардаанд, аммо масоили баҳсбарангез то ҳол боқӣ мондаанд.
Як мақоми дигари исроилӣ гуфт, то ин муҳлат расидан ба созиш душвор хоҳад буд, ҳарчанд ӯ иқрор шуд, ки ин имконпазир аст.
Ба гуфтаи ин портал, дар сурати баста шудани созиш, дар марҳилаи аввал 33 гаравгон ба Исроил супурда мешаванд, дар ҳоле ки оташбас дар навори Ғазза аз шаш то ҳафт ҳафта идома хоҳад кард. Исроил дар навбати худ бояд садҳо маҳбуси фаластиниро озод кунад.