Милисаи Тоҷикистон барои кумак дар ошкорсозии ҷиноёт мукофотпулӣ эълон кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2025
Обуна шудан
Ин шеваи ҳавасмандсозии шаҳрвандон ба ҳамкорӣ дар ошкорсозии ҷиноятҳои сангин дар Тоҷикистон вақтҳои охир зиёд шуда, натиҷа низ додааст.
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон аз сокинони ҷумҳурӣ хост, дар ошкор намудани ду ҷиноят мусоидат намоянд ва барои кумак 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда дод.
Ин ҷиноятҳо куштори ду сокини Ваҳдат пайиҳам будаанд, ки феълан милиса дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон аст.
ВКД мегӯяд, шаби 6-ум ба 7-уми декабри соли 2024 кушиори сокини 50-солаи ҷамоати Чуянгарон, деҳаи Бонғураи шаҳри Ваҳдат рух додаст.
Инчунин 5 декабри соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат куштори сокини 76-солаи ҷамоати А. Абдулвосиев, деҳаи Баҳористон содир гардидааст.
“Барои муайян кардани ҳолатҳо ва боздошти гумонбаршудагон мукофотпулӣ ба андозаи 200 000 сомонӣ ба шахсоне дода мешавад, ки маълумоти боэътимод ва дақиқ оид ба ин ҷиноятҳо пешниҳод менамоянд”, - омадаст дар эълони ВКД.
Махфӣ нигоҳ доштани шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда кафолат дода мешавад, таъкид кардааст ВКД ва рақамҳои телефонии телефонии +992 918-63-33-50 ва почтаи электрони mvduur.tj@gmail.com барои пешниҳоди маълумот ироа кардаст.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ барои пешниҳоди маълумот дар бораи ҷиноятҳои сангин мукофотпулиҳо дода мешаванд.
Қаблан ҳодисаи ҳамла ба ронандаи таксӣ дар Душанбе танҳо баъди он ошкор шуд, ки барои маълумот дар мавриди нафари муттаҳам 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ эълон шуда буд.
Стела в городе Канибадам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2024
Боздошти 4 нафар дар робита ба қатлҳои мудҳиш дар Конибодом
Маҳз дар натиҷаи коркард ва санҷиши ахбороти аз ҷониби як нафар шаҳрванд, ки тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ворид гардид, гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки беш аз 6-моҳ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, муайян карда шуд, иттилоъ дод ВКД ва афзуд, ки мукофотпулиро супурд.
ВКД таъкид намудаст, ки ошкор ва пешгирии кирдорҳои ҷиноятию ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пеш аз ҳама дар натиҷаи ҳамкорӣ ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст меоянд.
Лентаи хабарҳо
0