“Нафаҳмиданд”: вазири тандурустӣ дар бораи вабо дар Айнӣ

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ТоҷикистонДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон нигарониҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва гардишгарон дар мавриди мавзеъи Саратоғи ноҳияи Айниро бепоя хонд.
ДУШАНБЕ, 6 август - Sputnik. Моҳи апрели соли равон Кумитаи сайёҳӣ ширкатҳоро даъват карда буд, ки ба ин мавзеъ гардишгар ё сайёҳонро набаранд.
Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар ин бора гуфт, манбаъи хатар дар ин мавзеъ воқеан вуҷуд дорад, аммо хеле заъиф аст.
“Дар замони Шӯравӣ ин ҷо манбаъ ба ҳисоб мерафт ва манбаъҳои эпидемиологӣ тамоман аз байн намераванд. Ҳарсола таҳқиқ ва назорат мешаванд. Аз ин хотир, мутахассисони Маркази тропикии Тоҷикистон ва марокизи илмии Русия, ки тибқи созишнома бо мо ҳамкорӣ мекунанд, пас аз таҳқиқи маҳал ба ин натиҷа расиданд, ки ҳангоми сафар ба ин мавзеъ аз эҳтиёт кор гирифта шавад”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Моҳи апрели соли равон расонаҳои Тоҷикистон бо истинод ба як санади Кумитаи сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли равон хабар доданд, ки бино ба хулосаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар аввали асри гузашта дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд 250 сокини минтақа аз бемории ниҳоят хавфноки “тоун” фавтидаанд, аз ин хотир, эҳтимоли шуюъи маризӣ аз манбаъҳои сироят вуҷуд дорад ва ба хотири эминии афрод, бахусус, сайёҳони хориҷиву дохилӣ аз интиқоли онҳо ба ин минтақа бояд худдорӣ шавад.
Врач-лаборант проводит исследование в лаборатории  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Русия дар пешгирии вабо ва омодасозии мутахассисон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Дар пайи ин хабар, сокинони маҳал ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки аслан касе дар ин мавзеъ солҳои ахир ба маризии вабо гирифтор нашудааст.
Ба қавли масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, пас аз интишори ин хабар сайёҳон аз сафар ба ин мавзеъи зебои кӯҳистонӣ худдорӣ карданд ва ин вазъ ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ гузошт.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, вақте мутахассисони тоҷику рус бо истифода аз озмоишгоҳҳои саҳроӣ дар ин мавзеъ таҳқиқот гузаронданд, дар мушҳо, канаҳо ва дигар ҳайвоноту ҳашароти маҳал нишонаҳои ваборо кашф карданд.
“Бактерияҳо аз оилаҳои ҳамон вирусҳое кашф шуд, ки сабаби пайдоиши бемории вабо мегарданд, аммо дар шакли фаъол нестанд, вале эҳтимоли фаъол шудани он вуҷуд дорад. Масалан, вақте кана газад, агар бактерия дар шакли фаъол нест, аммо бо вуруд ба бадани инсон фаъол мешавад”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай афзуд, аз ин хотир, ҳамкорони руси мо ҳамчун мутахассиси соҳа тавсия доданд, ки дар вақти ташкил кардани лагерҳо ширкатҳои сайёҳиву сайёҳон бояд аз эҳтиёт кор гиранд.
“Мо вазифадор будем, ки Кумитаи сайёҳӣ ва аз тариқи онҳо ширкатҳои сайёҳиро огоҳ кунем. Пешниҳод кардем, ки дар заминҳои ин маҳал шабона хайма назананд. Аммо тавсия ин набуд, ки шумо тамоман ба ин минтақа наравед”, - гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Вай афзуд, дар ин маҳал бемори вабо нест, солҳост, ки чунин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва фақат маслиҳат ба хотири пешгирӣ ва эҳтиёт дода шуда буд.
“Мутаассифона, матлабе, ки ба расонаҳову шабакаҳои интернетӣ дастрас шуд, нодуруст буд. Бояд қаблан бо мо мувофиқа мешуд ва мо ба ширкатҳои сайёҳӣ вазоҳат медодем ва мефаҳмондем, ки асли матлаб чӣ аст, то ба кори ширкатҳои сайёҳӣ таъсири манфӣ нарасад ва сайёҳон аз тамошои манзараҳои зебои ин маҳал маҳрум нашаванд”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
На таджикско-афганской границе, Пяндж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2024
Ҳавзаи дарёи Панҷ таҳти назорат: чаро?
Қаблан дар вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки тоун ё вабо ба Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар даврони қадим бо артиши Искандари Мақдунӣ ворид шуда, куҳантарин додаҳои илмӣ аз шуюъи ин беморӣ дар асри 19 ривоят мекунанд.
Аммо ин ки он ба баландиҳои водии Зарафшон, ки мавзеъи Саратоғи ноҳияи Айнӣ дар он ҷойгир ва қариб 2200 метр аз сатҳи баҳр баланд аст, чӣ гуна расидааст, суол аст.
Он чӣ ин мавзеъро ба Искандари Мақдунӣ рабт медиҳад, кӯли Искандаркӯл аст, ки дуруст дар шафати ин мавзеъ қарор дорад ва солона ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз он дидан мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0