Вазирони хориҷи Тоҷикистон ва Узбакистон нақшаҳои ҳамкорӣ дар соли 2025-ро баррасӣ карданд

© Sputnik / Рамиз БахтияровФлаги Узбекистана и Таджикистана
Флаги Узбекистана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2025
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар суҳбат бо ҳамтои узбекаш аз сатҳи баланди тамосҳо ва дастгирии якдигар изҳори қаноатмандӣ кард
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ин суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, вазирон зимни суҳбат натиҷаҳои асосии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2024 ва вазифаҳо дар соли 2025-ро бо тамаркуз ба нақши ҳамоҳангсози вазоратҳои корҳои хориҷӣ баррасӣ намуданд.
“Аз сатҳи баланди тамосҳо ва дастгирии якдигар дар ҳошияи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд”, - қайд кардааст ВУХ.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2024
Тиҷорати вилояти Суғд бештар бо кишварҳои Русия Узбекистон ва Қазоқистон аст
Қайд карда шудааст, ки суҳбат дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ҳарду ҷониб ҳамкориҳои фаъолро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, энержӣ, нақлиёт ва тарҳҳои башардӯстона идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0