https://sputnik.tj/20250111/farmon-imzo-rahmon-sanjishho-faoliyat-sohibkori-man-1065824782.html
Фармон имзо шуд: Раҳмон санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро то соли 2027 манъ кард
Фармон имзо шуд: Раҳмон санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро то соли 2027 манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур тавзеҳи додааст, ки мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат мерасонад
2025-01-11T10:26+0500
2025-01-11T10:26+0500
2025-01-11T10:26+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
раҳмон
эмомалӣ раҳмон
санҷиш
соҳибкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0a/1065826106_293:337:1938:1262_1920x0_80_0_0_640926c4c3c141b74c3794ebb22c0214.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 10 январи соли равон ба имзо расид ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.тибқи фармони мазкур Ҳукумати Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати татбиқи он пешниҳод менамояд.Манбаъ, қайд кардааст, ки муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда дар доираи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" танзим мегардад.Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.Манбаъ ёдовар шудааст, ки қаблан солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.Ин моратория бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ эълон шуда буд.Хадамоти матбуот таъкид кардааст, ки мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонид ва барои фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.
https://sputnik.tj/20241228/rahmon-sanjishi-sohibkoronro-man-kard-1065708048.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0a/1065826106_483:367:1656:1247_1920x0_80_0_0_b2db1d64e18728f6897ae294606e4a3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, фармон, саҷнишҳо, фаъолияти субъектҳои соҳибкори, манъ, тевзеҳот
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, фармон, саҷнишҳо, фаъолияти субъектҳои соҳибкори, манъ, тевзеҳот
Фармон имзо шуд: Раҳмон санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро то соли 2027 манъ кард
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур тавзеҳи додааст, ки мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат мерасонад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 10 январи соли равон ба имзо расид ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
тибқи фармони мазкур Ҳукумати Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати татбиқи он пешниҳод менамояд.
Манбаъ, қайд кардааст, ки муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда дар доираи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" танзим мегардад.
Тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки қаблан солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.
Ин моратория бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ эълон шуда буд.
Хадамоти матбуот таъкид кардааст, ки мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонид ва барои фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.