Раҳмон санҷиши соҳибкоронро то соли 2027 манъ кард

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиОбращение Эмомали Рахмона к парламенту республики Таджикистан
Обращение Эмомали Рахмона к парламенту республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2024
Обуна шудан
Президент 28-уми декабр дар ҳузури вакилон гуфт, ҳарчанд санҷишҳо кам карда шудаанд, аммо ҳоло ҳам баъзе сохторҳо такрор ба такрор корхонаҳоро тафтиш мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то 1 январи соли 2027 санҷиши кори соҳибкорон, ба истиснои санҷиши мақомоти андоз, манъ карда шавад.
Кишвардори Тоҷикистон гуфт, кори баъзе ширкатҳо, ки ба коркарди металҳои қиматбаҳо машғуланд, давоми як сол аз 25 то 40 маротиба санҷида мешавад.
“Баъзе сохторҳо то 5-7 маротиба санҷиш рафтанд, дар натиҷаи санҷиш ягон чиз нест сифр. Рӯирост маълум, ки дар инҷо санҷиш нест, ин барои амалӣ кардани дигар корҳо аст. Мо ба ин корҳо хотима мебахшем.”
Ӯ гуфт, ин кор бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазо барои ҷалби сармоя ба кишвар амалӣ карда мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки, давоми се моҳи оянда барнома ё стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040 таҳия хоҳад шуд.
Обращение Эмомали Рахмона к парламенту республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2024
Соли 2027 Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ ноил мешавад
Мақомот дар гузашта низ санҷиши фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон муваққатан манъ карда буданд.
Тоҷирон мегӯянд, мораторияҳои гузашта ба вазъи иқтисодӣ таъсири зиёд надоштанд, чун риоят ва назорат намешуданд.
Ҳамчунин вай илова кард, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ба аҳолӣ дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
“Бобати идома додани ин раванд Бонки миллӣ бояд барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ва низоми бонкӣ, инчунни ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасонии бонкию молиявӣ чораҷӯӣ намояд”,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0