https://sputnik.tj/20250111/dushanbe-60-muassisa-tahsilot-tomaktabi-21-maktab-nav-bunyod-meshavad-1065828615.html
Дар Душанбе 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 21 мактаби нав бунёд мешавад
Дар Душанбе 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 21 мактаби нав бунёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дастоварду пешравиҳои як соли гузаштаро ҷамъбаст кард. 11.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-11T14:14+0500
2025-01-11T14:14+0500
2025-01-11T14:19+0500
дар тоҷикистон
душанбе
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064085038_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_5bbd9cab7baac09baaa6a87f51849b60.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дастоварду пешравиҳои як соли гузаштаро ҷамъбаст кард.Ба иттилои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷаласаи мушовараи сарраёсати маорифи пойтахт бо иштироки муовини вазири маориф, Равшан Каримзода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баргузор гардид.Дар ҷаласа Баҳром Исмоилзода, сардори сарраёсати маорифи пойтахт изҳор намуд, ки соли гузашта барои аҳли маорифи пойтахт соли рушду муваффақиятҳо буд.Аз ҷумла зикр гардид, ки соли гузашта 3 326 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда,сазовори 955 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.Дар идома қайд гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар пойтахт 22 муассисаи таҳсилоти тобактабӣ барои 3 929 ҷой ва 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48 386 хонанда пас аз бунёду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.Ҳамчунин, бо назардошти он ки дар пойтахт сохтмони биноҳои баландошёна бомаром идома дорад ва аҳолии пойтахт дар ҳоли афзоиш аст, аз ин рӯ то 35 – солагии ҷашни истиқлоли кишвар дар Душанбе сохтмони боз 60 муассисаи томактабӣ барои 12 390 ҷой ва 21 муассисаи таълимӣ барои 20 176 хонанда ба нақша гирифта шудааст.Ҳамин тавр дар ҷаласа фаъолияти сарраёсати маорифи Душанбе дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, нақшаи кор барои соли 2025 тасдиқ шуд.
https://sputnik.tj/20241108/az-maktab-to-korkhonavu-inshooti-davlati-idoma-safari-rahmon-ba-viloyati-khatlon-1065045133.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1b/1064085038_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_dd1707393b7eb31dcb68df3082023cd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, маориф
дар тоҷикистон, душанбе, маориф
Дар Душанбе 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 21 мактаби нав бунёд мешавад
14:14 11.01.2025 (Навсозишуда: 14:19 11.01.2025) ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дастоварду пешравиҳои як соли гузаштаро ҷамъбаст кард.
Ба иттилои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷаласаи мушовараи сарраёсати маорифи пойтахт бо иштироки муовини вазири маориф, Равшан Каримзода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа Баҳром Исмоилзода, сардори сарраёсати маорифи пойтахт изҳор намуд, ки соли гузашта барои аҳли маорифи пойтахт соли рушду муваффақиятҳо буд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки соли гузашта 3 326 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда,сазовори 955 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар идома қайд гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар пойтахт 22 муассисаи таҳсилоти тобактабӣ барои 3 929 ҷой ва 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48 386 хонанда пас аз бунёду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, бо назардошти он ки дар пойтахт сохтмони биноҳои баландошёна бомаром идома дорад ва аҳолии пойтахт дар ҳоли афзоиш аст, аз ин рӯ то 35 – солагии ҷашни истиқлоли кишвар дар Душанбе сохтмони боз 60 муассисаи томактабӣ барои 12 390 ҷой ва 21 муассисаи таълимӣ барои 20 176 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тавр дар ҷаласа фаъолияти сарраёсати маорифи Душанбе дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, нақшаи кор барои соли 2025 тасдиқ шуд.